Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

пешбурди иқтисодиёт бо роҳи қавмӣ, қабилагӣ афзалият доштанд;
• суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва дар ин асос дараҷаи пасти зиндагӣ;
• афзалияти соҳаи аграрӣ;
• махсусгардонии истеҳсолоти ашёи хом;
• дараҷаи миёна ё нисбат ба давлатҳои саноатӣ пасти ҳосилнокии меҳнат, қафомонии соҳаҳои истеҳсолот, кишоварзӣ ва инфраструктураи иҷтимоӣ;
• вобастагии зиёди иқтисодиёт аз сармояи хориҷӣ;
• камқудратии сармояи миллии ин кишварҳо;
• дар зинаи гузариш қарор доштани иқтисодиёт;
• пурра истифода набурдани имкониятҳои мамлакати худ дар бозори ҷаҳонӣ ва бозори дохилии мамлакат;
• бебозгашт аз мамлакат хориҷ гардидани қисми зиёди даромади миллӣ дар шакли фоида аз сармояи вориднамуда, фоизи қарзҳои аз хориҷ гирифташуда ва мубодилаи нобаробар.

Ба аксарияти давлатҳои аз зери зулми мустамликадорон озодшуда асосан хоҷагии қафомондае, ки дар он шаклҳои гуногуни хоҷагидории ҷамъияти ғуломдорӣ ва феодалӣ амал мекарданд, мерос монда буд. Дар бисёр ҳолатҳо коркарди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи майдахоҷагиҳое, ки дар онҳо муносибатҳои патриархалии қавмӣ ва қабилагӣ афзалият доштанд, анҷом дода мешуд.

Дар баробари ин дар солҳои аввали фаъолияти мустақилонаи худ сектори ғайрирасмӣ тамоми соҳаҳои дар ин давлатҳо амалкунандаро фаро гирифта, дар иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба инкишоф нақши бузурге бозид. Сектори ғайрирасмӣ дар баробари бизнеси оилавӣ, ки соҳаҳои касбӣ (ҳунари дӯзандагӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ ва ғайра), тиҷорат ва хизматрасониро азхуд намуда буд, оҳиста-оҳиста фаъолияти худро дар шаҳрҳои хурд ва калон, сохтмонҳои нав васеъ намуда, таъсири худро дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат мерасонид.

пешина
аз 785
навбатӣ