Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

натиҷа Англия ҳамчун душмани ашадӣ дар хотири халқи онҳо боқӣ мемонд. Аз тарафи дигар, тамоми меҳнати англисҳо, ки барои пешрафти иқтисодиёти Ҳиндустон - бунёди роҳҳои оҳан, кашфи конҳои канданиҳои фоиданок ва ғайра сарф гардида буд, барбод мерафт.

Дуруст дарк намудани вазъияти баамаломадаи солҳои 1945-47 боиси рушду инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Британияи Кабир ва Ҳиндустони имрӯза гардид.

Чунин сиёсатро бисёр давлатҳои мустамликадор дар қитъаҳои гуногуни дунё татбиқ намуда, муносибатҳои худро нисбати мустамликаҳои собиқи худ комилан дигар карданд. Авҷгирии муносибатҳои нави иқтисодӣ оҳиста-оҳиста аз як тараф ба пайвастшавӣ ва аз тарафи дигар боиси вобастагии иқтисодиёти давлатҳои рӯ ба инкишоф ба иқтисодиёти мустамликадорони собиқи онҳо - давлатҳои тараққикардаи дунё гардид.

Давлатҳои рӯ ба инкишоф бо кӯмак ва дастгирии давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба бозори ҷаҳонӣ дохил шуда, аз ҷиҳати иқтисодӣ пуриқтидор мегардиданд ва аз давлатҳои саноатии ҷаҳон талаб мекарданд, ки мавқеи онҳоро дар иқтисодиёти ҷаҳон муайян кунанд. Чунин талабот, албатта, сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дошт.

Ҷаҳони капиталистӣ дар баробари ба роҳ мондани соҳаи истеҳсолоти зарурии ин ё он мамлакат вобастагии саноати худро аз маводи аввалии давлатҳои рӯ ба инкишофи дунё пинҳон дошта, дар паи ҳарҷи бештар гирифтани фоидаи калони монополӣ буд. Бо мурури замон, давлатҳои рӯ ба инкишоф аз чунин сиёсати онҳо норозигии худро баён карда, пайваста вусъат додани муносибатҳои нави иқтисодӣ ва сиёсии мутақобилан судманди байнидавлатиро талаб менамуданд.

Иқтисодиёти кулли давлатҳои аз асорати мустамлика озодшуда, бо нишондиҳандаҳои муҳимтарини зерини ба ин давлатҳо хос фарқ мекард:
• бисёрзинагии иқтисодиёт, ки дар он шаклҳои гуногуни хоҷагидории ҷамъиятии то давраи капиталистӣ, аз ҷумла.

пешина
аз 785
навбатӣ