Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ бо мақсади расонидани кӯмак ба ислоҳоти иқтисодӣ ва барқарор сохтани иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ дар давраи баъдиҷангӣ маҳз дар Токио баргузор гардид.

Имрӯзҳо вобаста ба шароити осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобилан муфиди иқтисодиро бо Япония шурӯъ кардан имконпазир мегардад. Ҳар ду кишвар дар соҳаҳои мавриди истифода қарор додани захираҳои гидроэнергетикӣ, истеҳсоли техникии рӯзгор ва электроника, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, мошинсозӣ ва хизматрасонии автомобил ҳамкорӣ карда метавонанд.

Дар натиҷаи ин сафар Баёнияи муштарак оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба имзо расид. Ҳукумати Япония барои ислоҳотҳои бароҳмондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба миқдори 2,5 млрд. йен маблағ ҷудо кард.

Дар ҷараёни ин сафар ҷамъияти дӯстии Япония ва Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ширкат кард.

Ҳамин тариқ, таи солҳои охир ҳамкориҳои Япония ва Тоҷикистон хеле густариш ёфтанд. Бо дарназардошти имкониятҳои Япония дар соҳаи сармоягузорӣ ва технологияи баландсифат ва барои ҳамкориҳо бо ин кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки барои ҷалб намудани сармоягузорону корчаллонҳои японӣ шароити мусоид фароҳам оварад.

пешина
аз 785
навбатӣ