Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ XIV. ДАВЛАТҲОИ РӮ БА ИНКИШОФ

§14.1. Мавқеи давлатҳои рӯ ба инкишоф дар иқтисодиёти ҷаҳон

Мувофиқи меъёрҳои зерини муайянкардаи созмонҳои байналмилалӣ то 1 январи соли 2001 тахминан 140 давлати ҷаҳон, ки аксари онҳо дар Осиё, Африка, Америкаи Лотинӣ ва Океания ҷойгир шудаанд, ба гурӯҳи давлатҳои рӯ ба инкишоф дохил карда мешаванд:

• саҳми давлатҳои алоҳида дар истеҳсолоти саноати ҷаҳон;

• маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба ҳар сари аҳолӣ;

• баланд шудани ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот;

• миқдори истеъмоли мол ва хизматрасонии анҷомдодашуда ба ҳар сари аҳолии мамлакат;

• ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат;

• ҳаҷми музди меҳнат ба ҳар сари аҳолӣ;

• ҳаҷми хароҷоти мамлакат дар соҳаи илм ба ҳар сари аҳолӣ;

• шумораи олимон ба ҳар 10000 нафар аҳолии қобили кор;

• дараҷаи нархҳои истеъмолӣ дар мамлакат;

• шумораи бекорон дар мамлакат.

Хусусияти хоси давлатҳои рӯ ба инкишоф бо вуҷуди аз 3/4 ҳиссаи ҳудуди тамоми давлатҳои ҷаҳон ва зиёда аз 80%-и аҳолии дунёро ташкил додан, пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки дар ин давлатҳо дараҷаи гуногуни нишондиҳандаҳои истеҳсолот, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ дида мешавад.

Чунин тафовут вобаста ба пешрафти иқтисодии давлатҳои алоҳидаи ин гурӯҳ дар даҳсолаҳои охири асри XX боиси аз нав ба гурӯҳҳо тақсим намудани давлатҳои рӯ ба инкишоф гардид.

Бояд қайд кунем, ки мафҳуми "давлатҳои рӯ ба инкишоф" мафҳуми нав буда, дар илми иқтисодиёти ҷаҳон аз солҳои 1990 истифода бурда мешавад. То ин давра, нисбати ин давлатҳо то солҳои 80-ум мафҳумҳои "давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда»

пешина
аз 785
навбатӣ