Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо даъвати Ҳукумати Япония Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов аз 14 то 18 майи соли 2001 аз Япония сафари корӣ анҷом дод. 15 май дар қасри Император мулоқоти нахустини сарварони давлатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол Э.Ш. Раҳмонов ва Императори Япония Акихито баргузор гардид. Императори Япония зикр кард, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония воқеаи муҳим ва самарабахш буда, ба густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамояд. Э. Раҳмонов ба Япония барои кӯмакҳои иқтисодӣ ва кӯмакҳои дигараш дар бобати анҷоми мувафқақонаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд. "Мо бо ниятҳои нек ба назди шумо омадем. Мақсади мо ба роҳ андохтани ҳамкории кишварҳоямон ва ба ҳамдигар наздик сохтани халқҳоямон мебошад. Япония дар ҳамаи соҳаҳо хеле тараққӣ кардааст ва мо мехоҳем, ки аз таҷрибаи Шумо дар бобати бунёди ҷомеаи озод баҳравар шавем".

Бегоҳии 16 май мулоқоти сарварони давлатҳои Тоҷикистону Япония бо имзои Изҳороти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар бораи дӯстӣ ва ҳамкорӣ анҷом ёфт. Ҳуҷҷатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ва Сарвазири Япония Дзюничиро Коидзуми имзо карданд.

Э. Раҳмонов дар ҷараёни сӯҳбат изҳори умед кард, ки мулоқоти намояндагони ҳар ду кишвар воқеаи муҳими таърихӣ гардида, дар муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав мекушояд.

Сардори давлати Тоҷикистон зимни мулоқот ба Сарвазири Япония Дзюничиро Коидзуми изҳор намуд, ки Тоҷикистон тайёр ва манфиатдор аст, ки робитаҳои ҳамаҷониба ва самарабахши мутақобилан муфидро бо Япония ба роҳ монад.

Э. Раҳмонов ба ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Япония дар бобати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон, додани қарзҳои бебозгашт ва дастгирии он дар доираи созмонҳои байнамилалии молиявӣ ва бонкҳо, таълими кадрҳои мутахассис ва бозомӯзии мутахассисони ҷумҳурӣ дар Япония баҳои баланд дод.

Илова бар ин, маҳз бо ташаббуси Япония мулоқоти сеюми гурӯҳи машваратии мамлакатҳои мададгори Тоҷикистон таҳти

пешина
аз 785
навбатӣ