Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар асоси талаботи меъёрҳои пешқадами илмию техникӣ ҳаҷми захираи давлатӣ дар ИМА соли 1990 аз 18,5 то 20-22 фоиз зиёд шуд. Дар ин давра ИМА ва шаш давлати бузурги Аврупо ҳавасмандкунии технологияи навро дар модернизацияи (навсозии) сохтори роҳбарии корхонаҳои азим медиданд.

Германияи Шарқӣ ва Япония бошанд, бештар роҳи дастгирии давлатии тадқиқотҳои бунёдиро пеш гирифта буданд. Дастгирии чунин тамоюлҳои ҳавасмандгардонии технологияи навтарин бештар таҷҳизоти навтаринро талаб менамуд.

Соли 1990 дар ИМА 2,8%, Япония 2,8%, Англия 2,4%, Франция 2,3%, Германия 2,7%, Италия 1,5% даромади миллӣ барои ҳавасмандкунии таҷҳизоти навтарин равона карда мешуд.

Албатта, дар мавриди тақсимоти маблағҳо сиёсати иқтисодии ҳукуматҳои ин давлатҳо бештар барои дастгирии соҳаҳои афзалиятнок равона шуда буд. Масалан, молҳои истеҳсоли Америка (биотехника, таҷҳизотҳои компютерӣ, химиявӣ), ки бештар барои истеҳсоли онҳо сатҳи баланди технологияи дақиқи онвақтаро истифода мебурданд, дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд доштанд.

Соли 1991 бо шарофати тиҷорати молҳои номбаршуда ИМА 37 миллиард доллар даромади соф ба даст овард. Аз соли 1990 сар карда, муборизаи иқтисодии байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ба монанди ИМА, Япония, Германия хеле суръат гирифт.

Барои ҳарчи бештар аз худ намудани бозорҳои ҷаҳонӣ қисми зиёди даромади миллии ин мамлакатҳо аз як соҳа ба соҳаи дигар равона карда мешуд.

Масалан, агар соли 1992 ШМА 1,9% маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро барои равнақу ривоҷи соҳаҳои истеҳсолоти ғайринизомӣ равона карда бошад, Япония ҳаҷми онро то ба 3 % расонид. ШМА аз ин ҳолат бохабар шуда, барои аз даст надодани мавқеи худ ҳаҷми маблағгузориро дар ин соҳа дар соли 1993 ҳафт маротиба зиёд намуд. Дар баробари зиёд шудани маблағгузории соҳаҳои истеҳсолоти ғайринизомӣ вазифа гузошта мешаванд, ки намудҳои нав ба нави маҳсулот ихтироъ карда ба бозори ҷаҳонӣ пешкаш намоянд. То фарорасии соли 1990 ҷаҳон чунин рақобати

пешина
аз 785
навбатӣ