Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• суръат бахшидани ҷараёни такмили ихтисоси кормандони соҳаи истеҳсолот;
• баланд бардоштани савияи техникии онҳо;
• баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии молҳои истеҳсолшуда дар бозори ҷаҳонӣ.
Ба ривоҷи истеҳсолот, хусусан ба соҳаҳои таркибии мошинсозӣ (электроника, атом ва химия, истеҳсоли мошинҳои электронии ҳисоббарор ва роботҳои техникӣ) эътибори калон дода мешуд.
Барои ноил шудан ба сатҳи баланди ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникӣ, ба мисли микропроцессор, схемаҳои микроэлектронӣ пешбинӣ шуда буд.
Баҳри ҳарчӣ тезтар муваффақ шудан ба иҷрои вазифаҳои банақшагирифташуда ба нуқтаҳои зайл диққати ҷиддӣ дода шуд:
• афзоиш додани истеҳсоли дастгоҳҳои автоматӣ бар ивази ҷараёни технологии бо қувваи даст идорашаванда;
• истеҳсоли дастгоҳҳое, ки мувофиқи талаботи замон аз як ҷой
ба ҷои дигар гузаронидани онҳо имконпазир бошад,
ҳамчунин иваз кардани барномаҳои онҳо баҳри осонтар
намудани истеҳсоли молҳои нави сермасриф;
• зиёд намудани истеҳсол ва истифодаи самараноки дастгоҳҳое,
ки ҳосилнокии меҳнатро даҳчанд афзун мегардонанд
(дастгоҳҳои лазерӣ, фишурдани металли ногудохта,
истифодаи хокаҳои электрикӣ);
• ихтироз намудани хатҳои технологии мошин, олот ва таҷҳизоте, ки бо масрафи ками ашёи хом, қувваи барқ маҳсулоти арзон истеҳсол менамоянд ва муҳит ро ифлос намекунанд.
• татбиқи назарияи бунёди корхонаҳои бузурги истеҳсолии пурра автоматиконишуда.
Солҳои 1980 нақшаҳои боло татбиқ гардида, боиси зиёд шудани миқдори захираҳои давлатӣ ва тараққиёти пуравчи истеҳсолоти ШМА гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор