Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

молҳоро надида буд. Дар баробари мубориза баҳри ба даст овардани ғояҳои нав ва ба тезӣ дар истеҳсолот татбиқ намудани онҳо ва ҳамчунин аввалин шуда дар асоси онҳо ба бозори ҷаҳонӣ баровардани мол шакли нави рақобати корпорасияҳо ва ширкатҳои бузурги давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон гардид.

Бояд зикр кард, ки дар баробари бунёди марказҳои бузурги тадқиқотӣ Ҳукумати ШМА ширкатҳои начандон азими мамлакатро дастгирӣ намуда, барои пешниҳоди ақидаҳои хуби самарабахш мукофотҳои калон таъсис дода буд.

Соли 1990 барои дастгирии ширкатҳои хурд 27 маркази паҳн намудани технологияи пешқадам бунёд шуда буд, ки тавассути он ҳар сол зиёда аз 50 млн. доллари ШМА сарф карда мешуд. Ин маблағ дар асоси қарори ҳукумат аз буҷети мақомоти маҳаллӣ ва ҳукумати федералӣ ҷудо мегардид.

Ҳукумати Япония ин амали ҳукумати ШМА-ро барои пешрафти иқтисоди мамлакати худ асос намуда, дар тамоми ҳудуди мамлакат 185 маркази такмилдиҳии таҷҳизотро ташкил кард.

Ба воситаи ин марказҳо ҳар сол баҳри дастгирӣ намудани корхонаҳои хурд ва ҳавасмандгардонии кашфиётҳои беҳтарини истеҳсолӣ 500 млн. доллари ШМА ҷудо карда мешуд. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки ҳавасмандгардонии давлатии корхонаҳои хурд яке аз омилҳои асосии ҳавасмандгардонии мутахассисон дар беҳтар намудани шароити истеҳсолот ва зиёд намудани маҳсулнокии дастгоҳҳо мебошад.

Бар замми ин нуқтаҳои зикршуда дигаргун шудани сиёсати иқтисодии Ҳукумати ШМА дар ин давра боиси рушди иқтисодиёти ШМА гардида буд.

Солҳои 1980 ин сиёсат бо номи "Рейганомика" дар ҷаҳон хеле машҳур гардид. Асоси назарияи "Рейганомика" дар он буд, ки баъди гузашт ва озодиҳои муайяне, ки давлат ба бахши хусусии корхонаҳои бузург ва хурд дода буд, суръати тараққиёти иқтисодиёти мамлакат каме суст гардид. Бинобар ин барои ҳавасманд намудани пешравии истеҳсолоти мамлакат сиёсати иқтисодии "Рейганомика" даҳолати давлатиро ҳатмӣ мешуморад. Дар амал татбиқ шудани ин

пешина
аз 785
навбатӣ