Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§13.3. ШТАТҲОИ МУТТАҲИДАИ АМЕРИКА

ШМА давлати тараққикардатарини дунё ба шумор рафта, аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол менамояд. Ҳудуди ШМА 9,3 млн км. мураббаъ буда, 265 млн. аҳолӣ дорад (1,7%-и аҳолии ҷаҳон).

Нишондиҳандаи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ШМА соли 1999 - 8351 млрд. доллар дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин буд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии он ба ҳар сари аҳолии ин кишвар 30600 долларро ташкил дода, ШМА аз ин ҷиҳат дар ҷаҳон баъд аз Швейтсария (38350), Норвегия (32880), Япония (32230) ҷои чорумро ишғол менамуданд.

Аз ҷиҳати миқёси хоҷагии бароҳмондашуда ШМА аз тамоми давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон дар пеш мебошанд. Танҳо ҳаҷми буҷети федералии ин давлат аз тамоми ММД-и давлатҳои ҷаҳон, ба ғайр аз Япония ва Германия бартарӣ дорад. Хусусияти хоси ин давлат аз он иборат аст, ки иқтисодиёти он дар асоси прогресси илмию техникӣ ва технологияи пешқадам ба роҳ монда шудааст. ШМА зиёда аз 30 сол аст, ки дар байни давлатҳои дунё пешсафиро дар масъалаҳои татбиқи кашфиётҳои илмӣ, содироти лицензияҳои он аз даст намедиҳанд. Дар ин давлат ҳар сол аз 150 то 180 млрд. доллар барои корҳои илмию тадқиқотӣ равона карда мешавад, ки ин ҳаҷм аз маблағгузории якҷояи Англия, Германия, Франция ва Япония дида зиёдтар аст. Бинобар чунин эътибор ба пешрафти кашфиётҳои илмию техникӣ ШМА истеҳсолоти дигар давлатҳои ҷаҳонро ба худ вобаста кунонидаанд.

Ҳиссаи ШМА дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии ҷаҳонӣ 18%-ро ташкил медиҳад. Нигоҳ доштани тавозуни буҷети давлат, таъмини пай дар паи афзоиши ҳосилинокии меҳнат ва рақобати шадид дар тамоми соҳаҳои иқтисод ба ШМА дар тӯли зиёда аз 30 сол барои нигоҳ доштани курби асъори миллӣ - доллар шароити мусоид фароҳам овард.

пешина
аз 785
навбатӣ