Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Масалан, ҳиссаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бо вуҷуди гузаштҳои зиёд ба давлатҳои рӯ ба инкишоф соли 2000 дар содироти ҷаҳонии маводи хӯрокворӣ 65,9%, маҳсулоти кишоварзӣ 58,6%, моддаҳои химиявӣ 76,8%, мошин ва воситаҳои нақлиёт 75%, фулузот 62%-ро ташкил менамояд. (Ҷадвали №31)

Давлатҳои тараққикардаи саноатии ҷаҳон дар баробари равнақу ривоҷ додани содироти молу воситаҳои техникӣ барои таъмини соҳаҳои истеҳсолоти ватанӣ ва пеш аз ҳама бо мақсади сарфа кардани захираҳои табиии давлати худ ба воридоти мол, ашёи хом эътибори калон медиҳанд.

Ҷадвали №32
Ҳиссаи давлатҳои тараққикардаи саноатӣ аз рӯи гурӯҳҳои маҳсулоти асосӣ дар воридоти ҷаҳонӣ
(фоиз)

Гурӯҳи маҳсулот19801985199019952000
Озуқаворӣ61,463,071,068,262,9
Маҳсулоти кишоварзӣ68,367,566,761,655,6
Сӯзишворӣ75,368,261,361,461,4
Маъдан ва фулузот79,173,171,063,765,0
Маснуоти саноати бофандагӣ69,770,871,063,859,9
Моддаҳои химиявӣ63,865,167,663,558,0
Мошинҳо ва воситаҳои нақлиёт59,565,667,665,051,0
Фулузот56,356,968,161,058,0
Маҳсулоти дигар72,273,972,967,563,4

Соли 2000 ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳаҷми умумии воридоти ҷаҳонӣ 62,9%, маҳсулоти кишоварзӣ 55,6%, сӯзишворӣ 61,4%, моддаҳои химиявӣ 58%, мошин ва воситаҳои нақлиёт 51%, фулузот 58%-ро ташкил мекунад. (Ҷадвали №32) Рақамҳои ҷадвал нишон медиҳанд, ки соли 2000 бо вуҷуди нисбат ба соли 1980 кам шудани ҳаҷми воридоти мол, ҳаҷми умумии он аслан хеле зиёд буда, аз нисф зиёди маҳсулоти истеҳсолгардидаи ҷаҳониро ташкил медиҳад.

пешина
аз 785
навбатӣ