Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳукумати ШМА дар баробари таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ҳамеша барои боз ҳам камтар кардани шумораи бекорон саъю кӯшиш менамояд. Ҳар сол дар натиҷаи татбиқи кашфиётҳои нави техникӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар мамлакат зиёда аз 1,7 млн. ҷои кор муҳайё карда мешавад. Сатҳи бекорӣ дар тӯли 10 соли охир дар ҳудуди 4,9%-5,1% нигоҳ дошта мешавад.
Шарикони асосии тиҷоратии ШМА имрӯзҳо давлатҳои минтақаи Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором, Канада, Европаи Ғарбӣ, давлатҳои Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба шумор мераванд. Ҳаҷми содироти ШМА дар соли 1999 682,5 млрд. доллар, воридоти он 942,5 млрд. долларро ташкил намуд. Ҳиссаи савдои хориҷӣ дар ММД дар сатҳи 34%-36% нигоҳ дошта мешавад.
Соҳаи истихроҷу коркарди маъдан ва истифодаи захираҳои энергетикӣ низ дар ин кишвар хеле хуб тараққӣ намудааст. Даҳсолаҳои охир ШМА аз ҷиҳати истеҳсоли ангиштсанг, гази табиӣ, тилло, консентранти уран, истеҳсоли қувваи барқ, пӯлод, чӯян, мис, алюминий, сурб дар ҷаҳон ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд.
Дар тӯли 56 соли баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон корпоратсияҳои трансмиллии ШМА босуръат тараққӣ намуда, дар иқтисодиёти бештари давлатҳои дунё таъсири худро мегузаронанд. Танҳо ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти корхонаҳои берунмарзии таҳти назорати корпоратсияҳои трансмиллии ШМА зиёда аз 3 трлн. долларро ташкил менамояд, ки он баробари 40%-и ҳаҷми ММД-и ШМА мебошад. Мавқеи асосиро дар иқтисодиёт саноат, хусусан саноати металлургӣ, мошинсозӣ ва таҷҳизот, электроника, электротехника, соҳаҳои нафту газ, химия, соҳаи ҳавопаймосозӣ ишғол менамоянд. Аз панҷ як ҳиссаи содироти ҷаҳонии маҳсулоти илмталаб ба ШМА тааллуқ дорад. Ширкатҳои "Ченерал-Моторс", "Экссон" ва "Ай-Би-Эм" дар иқтисодиёти ҷаҳон пешсафиро аз даст намедиҳанд. Бо вуҷуди давлати абарқудрати саноатӣ будан ШМА бо комплекси мутараққии агросаноатии худ ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст. Дар соҳаи агробизнеси ШМА зиёда аз 22,8 млн. нафар, ки 18%-и ҷойҳои кориро дар иқтисодиёти мамлакат ташкил медиҳад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор