Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷ.М. Кларк бошад, дар назарияи худ "фоиданокии ҳадди аксар" ҳаммутобиқкунонии муносибатҳои бозориро дар омӯзиши қобилияти харидории қисми асосии аҳолии мамлакат мебинад. Мувофиқи ақидаи ӯ истеҳсолот дар натиҷаи омӯзиши гуфтаҳои боло бояд на дар асоси рақобат, балки дар асоси ҳамкории муташаккилона ба истеҳсоли молҳо равона карда шавад, ки онҳо дар бозор талабот доранд ва аз якдигар танҳо бо арзиши аслии худ ва хароҷоти иловагие, ки барои онҳо аз ҷои истеҳсол то ҷои фурӯш сарф карда мешавад, фарқ мекунанд. Кларк мисли олимони номбурда тарафдори ҳарчи бештар аз болои истеҳсоли молҳо пурзӯр намудани назорати давлатӣ мебошад. Мувофиқи ақидаи ӯ мақсади асосии ҷамъияти капиталистӣ бар хилофи талаботи аҳолӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мол мебошад. Барои ҳарчи бештар ба даст овардани бозори ҷаҳонӣ ва даромади соф корпорацияҳои навбунёди байналмилалӣ бо нигоҳ доштани нарх танҳо дар фикри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мол мебошанд, ки оқибати он сар задани хатари садамаи иқтисодӣ мебошад. Бинобар ин бо таъмини мувозинати истеҳсолот ва истеъмолот танҳо давлат қудрати пешгирӣ намудани чунин хавфи иқтисодиро дорад.

Гурӯҳҳои муайяни иқтисоддонҳои ҷаҳон солҳои 60-ум равнақу ривоҷ ёфтани тиҷорати хориҷии давлатҳои ҷаҳонро ба эътибор гирифта, ба омӯзиши сабабҳои авҷгирии тиҷорати хориҷии ширкатҳои байналмилалии алоҳида шурӯъ намуданд. Олимони америкой С. Робоком ва К. Симмондсом дар ин солҳо дар натиҷаи таҳлили худ ба хулосае омаданд, ки сабаби асосии равнақу ривоҷи тиҷорати хориҷӣ авҷгирии раванди милликунонии истеҳсолот мебошад.

Ширкатҳои бузурги ҷаҳон сиёсати махсусгардониро пеш гирифта, соҳаҳои ҳамҷавори истеҳсолоти ҷаҳониро босуръат муттаҳид менамуданд. Баъзе аз ширкатҳо, ба мисли "Пепси-Кола", "Фанта", "Кока-Кола", "Макдоналдз", "Панасоник", "Сони", "Санё", "Тошиба", "Филипс", "Сименс", "Хитачи", "Самсунг", "LG", "Мерседес", "Волво", "Форд", "Тойёта" ва ғайра бошанд, бо мақсади азхуд намудани бозори ҷаҳонӣ бо дарназардошти шумораи аҳолӣ ва талаботи

пешина
аз 785
навбатӣ