Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҷамъияти тараққикардаи ҷаҳон қариб аввалин шуда амалӣ намудани системаи банақшагирии иқтисоди бозориро пешниҳод намудааст. Мувофиқи назарияи У.Митчелл тайёр намудани барномаи банақшагирии иқтисодиёти мамлакат яке аз омилҳои асосии ҳалли проблемаҳо ва ихтилофҳои дар иқтисодиёт ҷойдошта мебошад. Дар баробари ин, дар ин назария нуқтаи аз ҳама муҳим он аст, ки банақшагирӣ дар мамлакат бояд танҳо таҳти назорати давлат ба амал бароварда шавад. Чунин пешниҳод дар натиҷаи таҳлили амиқи ихтилофҳои мавҷудае, ки байни корпоратсияҳои бузурги давлатҳои капиталисти вуҷуд доранд ва солҳои тӯлонӣ ҳалли худро намеёбанд, пайдо шудааст. Сабабҳои асосии пурра амалӣ нашудани принсипҳои иқтисоди бозориро У.Митчелл дар назарияҳои бардурӯғ ва беасос, ба монанди "рақобати ба дараҷаи баланд такмилёфта", "системаи автоматизм", "бо ҳам мувофиқ шудани манфиатҳои моликиятдорони хусусӣ бо манфиатҳои ҷамъиятӣ" медид.
Дар баробари У.Митчелл дар ҳолатҳои дар ҷамъият пурра татбиқ нашудани механизми иқтисодиёти бозорӣ қудратнок шудани давлатро олимони шинохта, ба монанди Ф. Феттер, Р. Хоутри, Д. Клак тарафдорӣ намуданд. Масалан, Ф. Феттер бо даҳолати қатъии давлат баланд бардоштани савияи касбии мутахассисонро талаб менамуд. Мувофиқи ақидаи ӯ роҳбарон ва мутахассирони фирмаҳо доимо бояд ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ, пасту баландшавии қурби пул тайёр бошанд ва доимо ин вазъиятро пешбинӣ карда тавонанд.
Р. Хоутри бошад, пешгирӣ намудани вайроншавии мувозинатро дар давраи пурра амалӣ шудани иқтисодиёти бозорӣ, пеш аз ҳама, дар кору амали шахсиятҳои алоҳида, яъне роҳбарони солимфикру кори пурмаҳсули фирмаҳо мебинад. Ин гуна роҳбарон дар натиҷаи такмили истеҳсолот дар ин давра пеши худ бояд мақсад гузоранд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ бо маҳсулоти саноатии худ бозори ҷаҳониро забт кунанд. Бинобар ин дар ҳолатҳои бунёди чунин фирмаҳо мувофиқи назарияи Р. Хоутри мақсаду мароми роҳбарони онҳо, пеш аз ҳама, барои бештар сармоя ба даст овардан, ба ин нуқтаи стратегӣ бояд равона шуда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё