Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

мардум ба ин навъҳои маҳсулот намояндагони худ ва қисми муайяни истеҳсолоташонро ба тамоми шаҳрҳои бузурги ҷаҳон фиристонданд.

Дар натиҷаи авҷ гирифтани тамоили муттаҳидшавӣ Робоком ва Симмондсом ақидаи гурӯҳи олимонеро, ки тиҷорати байни миллатҳоро эътироф менамуданд, инкор ва воқеиятро аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда, нишон доданд, ки ҳаҷми асосии тиҷорати хориҷиро тиҷорати байни ширкатҳо ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди он, ки дар миқёси ҷаҳон ҳаҷми тиҷорати хориҷии байниширкатиро ба қайд гирифтан хеле душвор аст, тахминан муайян карда шудааст, ки додугирифти дохилиширкатӣ қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷӣ, 80-90 фоизи хариду фурӯши иҷозатномаҳо (лицензия) ва патент, инчунин зиёда аз 40 фоизи содироти сармоягузориро дар бар мегирад.

Бояд таъкид намуд, ки ба ақидаи олимони номбурда тиҷорати дохилиширкатӣ хусусиятҳои хоси худро дорад:

  1. Ин хусусият бештар дар иваз намудани ашёи хом ва қисмҳои эҳтиётӣ, дастгоҳҳои махсуси ин фирмаҳо ифода меёбад ва ин самт тамоили боз ҳам зиёдшавиро дорад.

  2. Монополияҳои байналмилалӣ аз кулли тиҷорати хориҷии худ бештар байни мамлакатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон ҷой гирифта, тиҷорати хориҷиро бо мамлакатҳои аз ҷиҳати географиҷӣ ба худ наздик ва вусъат додани онро бештар дастгирӣ менамоянд.

  3. Барои аз даст надодани мавқеи худ дар бозори ҷаҳонӣ сармояи монополияҳои байналмилалӣ ба вазъи иқтисодии ҷаҳон нигоҳ карда, самти худро тез-тез дигар карда меистад.

Масалан, солҳои 1970-1980 давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон сармояи худро бештар ба давлатҳои нав рӯ ба инкишоф ниҳода нигаронидаанд. Мақсади асосӣ бо сармояи начандон бузург аз мамлакатҳои тараққикардаистода бисёртар ба даст даровардани фоида мебошад. Вале бояд таъкид намуд, ки дар ҳолатҳои амалӣ шудани ин мақсад, роҳбарияти ширкатҳо бо сабаби пурра боварӣ надоштан ба таъмини сад дар сади истеҳсолоти худ бо ашёи хом роҳҳои дигари алтернативиро низ меҷӯянд. Дар чунин шароит

пешина
аз 785
навбатӣ