Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар роҳи иҷрои ин мақсадҳо шароити хуби ҷойгиршавии табиии ин мамлакат (дар оянда аз ташкили туризми байналмилалӣ даромади бисёр гирифтан мумкин аст) ва захираҳои ҳосил кардани барқи арзон (дар асоси бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ ба даст овардан мумкин аст) мусоидат менамуд ва диққати бисёр давлатҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд. Аз тарафи дигар, бо сабаби дар ҷойҳои душворгузар ҷойгир будани сарватҳои зеризаминӣ, истихроҷи онҳо барои ин мамлакат осон нест ва сармояи зиёдеро талаб менамояд.

Дар ҳақиқат табиат ба кишвари Қирғизистон сарватҳои табиии зиёдро додааст, лекин бо душвории зиёд ҳосил кардани онҳо ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва беҳбудии миллат мусоидат намекунад.

Гузашта аз ин, бинобар дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон умуман набудани захираҳои нафт ва гази табиӣ ва ворид намудани онҳо аз дигар давлатҳо ҳарҷи зиёдеро талаб менамояд.

Гаронии арзиши нафт ва гази табиӣ сабабгори баста шудани садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ гардид. Бинобар ин шароити аз ҷиҳати ҷуғрофӣ номусоид, яъне Қирғизистон аз марказҳои иқтисодии ҷаҳон дар масофаҳои дур воқеъ аст, дараҷаи начандон баланди инфрасохтори нақлиётии мавҷуда, дар ҳудуди ин давлат набудани захираҳои сӯзишворӣ вазъи иқтисодии мамлакатро дар ин солҳо душвор гардонд.

Чунин вазъи иқтисодиро ба назар гирифта, олимони иқтисоддони Ҷумҳурии Қирғизистон се барномаи алтернативии инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакатро ба ҳукумат ва президент пешкаш намуданд.

Барномаи инкишофи Ҷумҳурии Қирғизистон самтҳои зеринро дар бар мегирифт:

• иштироки ба дараҷаи хеле пасти давлати нав рӯ ба инкишофи
аграрӣ дар равандҳои ҳамгироии ҷаҳон;

• роҳи инкишофи давлат аз ҳисоби қарзҳои мамлакатҳои
мутараққии ҷаҳон ва сармоягузориҳои хориҷӣ;

пешина
аз 785
навбатӣ