Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• роҳи инкишоф дар асоси сафарбар намудани сармояи миллии мамлакати худ, ҳавасманд намудани содироти мол ва дастгирӣ кардани сиёсати воридоти таҷҳизот, маводи аввала, озуқаворӣ, молҳои рӯзгор, бидуни қарз дар асоси бунёди корхонаҳои муштарак.

а) иқтисодиёти Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз пошхӯрии давлати бузурги шӯравӣ ва соҳибистиқлолӣ ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ омад. Умеди мустақилона иқтисодиёти худро пеш бурдан ва дар бозори ҷаҳонӣ бе кӯмаку дастгирии дигар давлатҳо рақобат карда натавонистан якбора барбод рафта, ба ҷои афзоиши иқтисодиёт рӯз аз рӯз пастравии дараҷаи истеҳсолот мушоҳида карда мешуд. Номгӯи хеле зиёди молҳои содиротӣ дар асоси кооператсияи дохилидавлатӣ хеле кам шуда, фақат якчанд номгӯи ашёи хомро дар бар мегирифт, ки ин боиси баста шудани корхонаҳои зиёд гардид.

Чунин шароити баамаломадаро ба назар гирифта, барномаи якум Ҳукумати Қирғизистонро ӯҳдадор намуд, ки дар асоси ривоҷи соҳаи кишоварзӣ барномаи индустриализатсияи соҳаи саноатро идома дода, мамлакатро аз бӯҳрони иқтисодӣ барорад.

б) дар асоси барномаи дуюм Қирғизистон мебоист шароити баамаломадаро ба назар гирифта, тараққиёти хоҷагии халқи худро дар асоси харҷи бештар гирифтани қарз, муҳайё намудани шароит барои боз ҳам бисёртар ворид намудани сармоя, ҷалб кардани сармоягузорони бевоситаи корпорасияҳои байналмилалии сармоягузор ба роҳ мемонд.

Баҳри ин мақсад Ҳукумати Қирғизистон мебоист дар робитаҳои иқтисодии хориҷии худ самти махсус - самти озоди низоми тиҷорати хориҷӣ ва воридоти сармояро ҷорӣ менамуд.

Воридоти молҳои саноатӣ ва маводи сӯзишворӣ, пеш аз ҳама, дар асоси қарзҳои бонкҳои ҷаҳонӣ, давлатҳои мутараққии ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бозсозиҳои иқтисодиро дастгирӣ менамуданд, бояд сурат мегирифт.

Дар баробари ин эътибори махсус барои навсозии (модернизатсияи) корхонаҳои амалкунанда ва бунёди корхонаҳои замонавӣ дода мешуд. Мақсади асосии чунин иқдом дар муҳлати хеле

пешина
аз 785
навбатӣ