Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Албатта, Ҳукумати Қирғизистон даромади буҷети худро қисман аз ҳисоби қарзҳо пӯшонда, барои таъмини аҳолии кишвари худ маводи зарурии хӯроквориро аз хориҷи кишвар мехарид.

Чунин ҳолат сол аз сол қарзи хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистонро зиёд намуда, вобастагии ин давлатро аз ташкилотҳои байналмилалии қарздиҳанда рӯз то рӯз зиёд менамуд. Агар соли 1993 маблағи қарзи Ҷумҳурии Қирғизистон 285 млн. доллари амрикоиро ташкил дода бошад (ин 18%-и ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд), соли 1999 он ба зиёда аз 2 млрд. доллар расид.

Ҳукумати Қирғизистон барои ҳарчӣ тезтар ба роҳ мондани истеҳсолот ва баланд бардоштани некӯаҳволии халқи худ аз рӯзҳои аввали истиқлолият роҳҳои нави ба бозори ҷаҳонӣ баромаданро меҷуст. Бинобар ин барои ба созмонҳои амалкунандаи дунё, аз ҷумла созмонҳои навбунёди давлатҳои навтаъсисёфта дохил шудан кӯшиш менамуд. Қирғизистон баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шуд. Президент Акаев А. дар тамоми вохӯриҳои сарварони ИДМ иштирок намуда, барои ҳарчӣ бештар иқтидор пайдо кардани кишвари худ ҳаракат менамуд.

Соли 1996 Қирғизистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, тамоми расмиёти дохилидавлатии ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди гумрукиро иҷро намуда, чорумин аъзои комилҳуқуқи он гардид.

Мақсади асосии дохилшавии Қирғизистон ба ин созмонҳо пеш аз ҳама ба ҷумҳурӣ ҷалб намудани сармояи озоди хориҷӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак барои аз худ намудани захираҳои бузурги табиии тилло, нуқра, платина (тиллои сафед), симоб, қалъагӣ, ангиштсанг, волфрам, уран, молибден ва сурма буд.

Ҳукумати Қирғизистон соҳибистиқлолии ҳақиқиро дарк намуда, ба хулосае омада буд, ки бе кӯмак ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, бе барномаи ягонаи тараққиёти соҳаҳои бо ҳам вобастаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Иттиҳоди гумрукӣ аз уҳдаи азхуд кардан ва ба бозори ҷаҳонӣ пешкаш намудани боигариҳои зеризаминии хеш намебарояд.

пешина
аз 785
навбатӣ