Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
сол дар тавозуни содироту воридот ҳамагӣ 31,5%-ро ташкил намуд. Ин рақам гувоҳи он аст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият шароити воқеии баамаломадаро ба назар гирифта (набудани асъори хориҷӣ, гусаста шудани робитаҳо ва ғайра), барои наҷоти кишвари худ дар тақсимоти байналхалқии меҳнат иштирок карданро мақсади асосии худ қарор дод.
Аммо бо вуҷуди талошу ҳаракатҳо ба сӯи бозори ҷаҳонӣ асоси робитаҳои иқтисодии хориҷии ин мамлакатро муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои навбунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил менамуд.
Масалан, агар соли 1987 содироти Қирғизистон бо ҷумҳуриҳои собиқ сотсиалистӣ 98% ва воридот аз онҳо 95%-ро ташкил мекарда бошад, пас соли 1994 ҳаҷми содироти мол ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қариб 80%-и кулли содиротро ташкил намуд. Аз соли 1994 сар карда касри буҷет танҳо аз тиҷорати байнидавлатӣ 84%-ро ташкил медод.
Чунин шароит дар натиҷаи содироти миқдори ночизи барқи ҳосилкардаи ватанӣ ва воридоти нафту гази табиӣ, ки қариб бо нархҳои ҷаҳонӣ харида мешуд, ба амал омад.
Ҳаҷми асосии тиҷорат ба маблағи 18,1 млрд. доллари ШМА дар ин солҳо асосан бо Россия рост меомад. Қазоқистон бошад, дар ҳаҷми муомилоти дуҷониба (10,4 млрд. доллари ШМА) дуюмин ҷумҳурӣ ба шумори меравад.
Қирғизистон. Ҳукумати Қирғизистон бо сабабҳои камбуди асъори хориҷӣ дар муомилот ҳисоббаробаркунии муомилоти худро бештар бо Россия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба тариқи созишномаҳои бартерӣ ба анҷом мерасонид. Бо ин усули ҳисоббаробаркунӣ, агар аз як тараф як қисм мақсадҳои Ҳукумати Қирғизистон амалӣ шаванд, аз тарафи дигар он боиси ба буҷети ҷумҳурӣ дохил нашудани маблағи молҳои содиршуда, бо маош таъмин нагардидани кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақахӯрон ва беназорат мондани системаи нархгузорӣ мегардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо