Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои иҷрои ин мақсад, Қазоқистон масъалаи ба муомилот баровардани асъори миллии худро, бо Ӯзбекистон ҳамоҳанг сохт ва барои вусъат гирифтани муносибатҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама зиёд намудани ҳаҷми муомилоти байнидавлатӣ, инчунин аз байн бардоштани тамоми монеаҳои гумрукӣ, бо роҳи клирингӣ ҳал намудани пардохтҳо ва масъалаи конвертатсияи асъори миллӣ чораҳои зарурӣ андешид.

1 феврали соли 1994 сарварони давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба қароре омаданд, ки иттиҳоди иқтисодии худро бунёд намоянд. Дар асоси созишномаҳои имзошудаи байни давлатҳои аъзо тамоми монеаҳое, ки то имрӯз вуҷуд доштанд аз байн бардошта шуда, барои ҳаракати озоди мол, сармоя ва захираҳои меҳнатӣ шароитҳои лозимӣ фароҳам оварданд.

Худи ҳамин рӯз ҳамаи постгоҳҳои амалкунандаи сарҳадии ин давлатҳо аз байн бардошта шуданд.

Барои иҷрои нақшаҳои қабулшуда сарварони давлатҳои номбурда ба чунин қарор омаданд, ки сиёсати ягонаи кредитӣ (қарзӣ), нарх, андозситонӣ, гумрукӣ ва асъориро ба роҳ монанд.

Барои вусъат ёфтани тиҷорати байнидавлатӣ, моҳи марти соли 1994 дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек Қазоқистон ва Қирғизистон бонки муштаракро таъсис доданд.

Бояд ёдовар шуд, ки Қирғизистон яке аз ҷумҳуриҳои хурдтарини Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ заифтарин ба шумор мерафт. Ҳукумати Қирғизистон аз рӯзҳои аввал сиёсати "дарҳои кушода"-ро пеш гирифта, назорати сарҳадиро дар қаламрави сарҳадҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пурра бардоштааст.

Дар баробари ин бо соҳиб шудан ба истиқлолият ва яку якбора гусаста гардидани робитаҳои иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба паст шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ оварда расонид. Агар соли 1991 нисбат ба соли 1990 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5% паст рафта бошад, пас соли 1992 19%, соли 1993 16% ва соли 1994 21% паст фаромад.

Ҳиссаи содирот нисбат ба ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда соли 1994 назар ба соли 1990 зиёда аз ду маротиба кам шуда, сол аз

пешина
аз 785
навбатӣ