Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

байналмилалӣ оҳиста-оҳиста дар хоҷагии халқи худ муносибатҳои нави бозориро татбиқ менамуд.

Бисёр вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, ки ба талаботи ҳозира ҷавоб дода наметавонанд, аз байн бардошта шуданд. Ба ҷои онҳо шаклҳои нави роҳбарӣ, ба монанди консернҳои махсусгардонидашуда, ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо ва корпоратсияҳои байнамилалӣ бунёд шуданд.

Барои ҳарчи бештар пуркувват намудани ислоҳоти иқтисодӣ давлати Ӯзбекистон мунтазам робитаҳои иқтисодии хориҷиро озод намуда ва нархҳоро танзим сохта, баробари кам намудани низоми супориши давлатӣ, сиёсати ҳарчи бештар маҳдуд намудани субсидияҳои давлатиро пеш гирифт.

Дар муҳлати кутоҳ дар баробари қабули Конститусияи нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон як силсила қонунҳо ва фармонҳои президент, ки барои вусъатёбии муносибатҳои бозорӣ, соҳибкорӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ кӯмак мерасонанд, тасдиқ карда шуданд.

Ҳукумати Ӯзбекистон барои ҳарчи тезтар азхуд намудани захираҳои зеризаминӣ ҷалб намудани сармояи хориҷиро барои коркарди конҳои тилло, соҳаи энергетика, нафту газ саъю кӯшиши зиёд менамояд. Барои амалӣ шудани ин мақсад дар қонунҳои қабулшуда (оид ба робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, дар бораи сармоягузории хориҷӣ ва оид ба ҳифзи сармоягузории хориҷӣ) имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст.

Қазоқистон. Роҳбарияти Қазоқистон баъд аз соли 1991
вусъатгирии раванди иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказиро танҳо
дар муташаккилӣ ва барномасозии якҷояи тамоми соҳаҳои хоҷагии
халқи ин минтақа медид. Аз амалӣ намудани мақсадҳои дар
конференсияи соли 1990 дар Алмаато баргузоргардида оид ба шурӯъ
намудан ба ҳамгироии иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ
рӯҳафтода нашуда, Қазоқистон январи соли 1994 бо роҳбарияти
Ӯзбекистон аввалин шуда роҳи бунёди фазои ягонаи иқтисодиро пеш
гирифтанд. Президенти Қазоқистон Назарбоев Н.А. ва Президенти
Ӯзбекистон Каримов И.А. хуб дарк менамуданд, ки ҳудуди давлатҳои

пешина
аз 785
навбатӣ