Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳукумати Ӯзбекистон бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи аҳолии худ бо ғаллаи истеҳсоли ватанӣ мақсад дорад, ки соли 2001 истеҳсоли ғалладаноро ба 7,5 млн. тонна расонида, сармояи барои воридоти он пешбинишударо ба инкишофи намудҳои нави маҳсулоти саноатӣ равона намояд.

Солҳои охир Ҳукумати Ӯзбекистон ба коркарди саноатии меваю сабзавот эътибори ниҳоят калон медиҳад. Масалан, Ӯзбекистон ҳар сол имконияти истеҳсол кардани зиёда аз 5 млн. тонна меваю сабзавотро дорад.

Солҳои пеш зиёда аз 60 номгӯи мева ва сабзавоти истеҳсолшуда ба ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ фиристонида мешуд.

Азбаски робитаҳои иқтисодӣ канда шуда, тарифҳои боркашонии ҳар сол зиёд мегарданд, содироти мева ва сабзавот умуман зараровар шуда монд ва қисми зиёди он дар дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.

Қисми муайяни меваю сабзавот тавассути нақлиёти махсуси боркашонии байналмилалӣ "Узтранс", ки Ҳукумати Ӯзбекистон аз ширкати "Мерседес"-и Германия харидааст, ба Европа, Россия, ҷумҳуриҳои Назди Балтика расонида мешавад.

Чунин ширкатҳои боркашонии муштаракро солҳои охир мувофиқи барномаи тасдиқшудаи нақлиёти осиёгии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Ӯзбекистон бо давлатҳои Туркия, Япония низ бунёд намуд.

Солҳои охир қисми муайяни даромади буҷети давлат аз ҳисоби туризм пур карда мешавад. Ин соҳа солҳои шӯравӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд.

Шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хиваи Ӯзбекистон, ки бо таърихи қадима ва зиёда аз 4000 осори меъмории бузурги бостонии худ дар ҷаҳон ном баровардаанд, дар барномаҳои туризми байналмилалии "Интурист"-и ИҶШС нақши бузург мебозиданд.

Гузашта аз ин, Ҳукумати Ӯзбекистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият мувофиқи меъёру талаботи ташкилотҳои бонуфузи

пешина
аз 785
навбатӣ