Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
дар даҳтои онҳо истеҳсоли тилло ба тариқи саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли тиллоро дар соли 1988 ба 71 тонна расонида, Ӯзбекистонро дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба ҷои 8-ум ва аз ҷиҳати нишондиҳандаи истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ ба ҷои 5-ум баровард. Сифати баланди тиллои Ӯзбекистонро ба назар гирифта, солҳои охир якчанд маротиба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мукофотҳои байналхалқӣ сарфароз гардид. Соли 2001 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли тилло дар ин кишвар ба 110 тонна расонида шавад.
Дар ҳудуди давлати Ӯзбекистон зиёда аз 30 кони захираҳои бузурги уран, сурб, рух, волфрам, мис ва якчанд намудҳои фулузоти нодири стратегӣ кашф шудааст. Ҳар сол зиёда аз 80 ҳазор тонна мис истеҳсол карда мешавад.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз захираҳои бузурги энергетикӣ низ хеле бой аст. Захираҳои тадқиқшудаи гази табиӣ 2 триллион метри мукааб, ангиштсанг 2 млн. тоннаро ташкил менамоянд.
Барои пурра таъмин намудани талаботи дохилии мамлакат бо бензину гази табиӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин 140 кони нафт кашф карда шуд, ки қисми зиёди онҳо пурра ба истифода дода шуданд.
Дар натиҷа, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафт ва газ дар солҳои охир ба давлати содиркунандаи нафту газ табдил ёфт.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ муваффақиятҳои бузург ба даст омаданд. Дар натиҷаи дастгирии бевоситаи президент тамоми камбудиҳои дар солҳои пеш ҷойдоштаро бартараф намуда, соҳаи кишоварзиро бо таҷҳизотҳои техникӣ, нуриҳои минералӣ, тухмиҳои навъи олӣ таъмин намуда, истеҳсоли пахтаро, ки яке аз манбаъҳои асосии даромади буҷети ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ба 4 млн. тонна расониданд.
Дар натиҷа Ӯзбекистон аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли пахта дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҷои аввал ва дар миқёси ҷаҳон ба ҷои 4-ум баромадааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо