Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Осиёи Марказӣ, ки дар якҷоягӣ 3,994 ҳазор км мураббаъро ташкил менамояд, бо бойгарии зеризаминии табиии худ метавонад талаботи дохилии худро бидуни вобастагӣ аз дигар давлатҳои дунё қонеъ намуда, дар муҳлатҳои хеле кӯтоҳ дараҷаи баланди истеҳсолотро таъмин намуда, зиндагии мардуми ин минтақаро ба сатҳи баланд бардорад. Барои амалӣ шудани ин мақсад Қазоқистон дар баробари аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ мавқеи беҳтарини геополитикӣ доштанаш, агар Европоро ба Осиё бо ҳам пайвандад, аз тарафи дигар, бо иқтидори бузурги иқтисодии худ аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекард. Қазоқистон аз ҷиҳати ҳудуд 2,717 ҳазор км мураббаъро ташкил намуда (12,7% ҳудуди ИДМ), дар байни давлатҳои ИДМ ҷойи дуюм ва аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ (17 млн. нафар) ҷойи чорумро ишғол мекунад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қазоқистон, агар аз ҷиҳати ҳаҷми МММ дар байни кишварҳои ИДМ ҷойи сеюмро ишғол намояд, пас аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - ҷойи чорум, истеҳроҷ ва коркарди маъданҳои металлҳои ранга ҷойи якум, истеҳсоли нафт - ҷойи дуюм, истеҳсоли ангиштсанг, чӯян, пӯлод ва қувваи барқ - ҷойи сеюмро ишғол менамуд. Ҳаҷми захираҳои конҳои ангиштсанг, агар 39 млрд. тоннаро ташкил намоянд, захираҳои гази табиӣ 2400 млрд. метри мукаабро ташкил медиҳанд. Ба ҳиссаи Қазоқистон 40 фоизи ҳаҷми истеҳсоли миси ИДМ, 70 фоизи сурб, 50 фоизи руҳ, 20 фоизи гилхок (ашёи хоми истеҳсоли алюминий), 80 фоизи фосфори зард, 40 фоизи таркибҳои ғизоӣ ва зиёда аз 60 фоизи истеҳсоли ғалла рост меояд. Истеҳсоли солонаи ғалладаона дар Қазоқистон ба ҳисоби миёна 30 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Баробари ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон тамоми конҳои тилло ва нуқраи худро аз нав коркард намуда, маҳсулоти истеҳсолнамударо барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар бонкҳои хориҷӣ ба замонат гузоштааст. Рақамҳои зикргардида гувоҳи онанд, ки Қазоқистон барои аз нав бунёд намудани кишвар ва бо ашёи хом ва молҳои саноатии худ ба бозори ҷаҳонӣ баромадан тамоми шароити заруриро дорад.

Қазоқистон бо вуҷуди аз ҷиҳати захираҳои сарватҳои табиӣ бой буданаш, солҳои аввали гузариш ба иқтисоди бозорӣ бинобар

пешина
аз 785
навбатӣ