Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Соли 1996 бо мақсади иҷрои созишнома "Дар бораи Иттиҳоди гумрукӣ" Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди гумрукӣ таъсис дода шуд.
Мақоми олии Иттиҳоди гумрукӣ Шӯрои байнидавлатӣ шуд, ки аз роҳбарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ иборат буд. 26 марти ҳамон сол Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шартномаи таъмиқи ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисод ва гуманитариро имзо намуданд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи ҷуғрофию сиёсии он ва ҳолати бӯҳронии иқтисодиёташ масъалаи инкишоф ва таъмиқи ҳамгироии давлатҳои аъзои ИДМ аҳамияти фавқуллода муҳим дорад. Бинобар ин моҳи сентябри соли 1995 Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамроҳ шудан ба Иттиҳоди гумрукӣ ва иҷро намудани шартҳои Баёнияи ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ аз 28 январи соли 1995 расман эълом намуд.
Дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ имконият медиҳад, ки:
афзоиши мунтазами муомилоти мол бо давлатҳои аъзои
Иттиҳоди гумрукӣ таъмин карда шавад;
хароҷоти марбут ба анҷоми назорати гумрукӣ дар сарҳадоти
дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ кам карда, сарҳадоти
берунии онҳо мустаҳкам карда шавад;
бекор мондани воситаҳои нақлиёт кам карда шавад;
кооператсияи истеҳсолӣ ба амал бароварда шавад.
Бо ин мақсад тайи солҳои 1995-1997 корҳои зиёде марбут ба якхела намудани заминаи меъёрии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва гумрукии ҷумҳурӣ дар асоси қонунгузории дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ амалкунанда анҷом дода шуд. Бо Федератсияи Россия, ки мутобиқи ваколатҳои аз ҷониби иштирокчиёни Иттиҳоди гумрукӣ ба он додашуда амал мекард, 16 протоколи кории муайянкунандаи дараҷаи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро гардидани шартҳои ташаккули Иттиҳоди гумрукӣ ва номгӯи асноди асосӣ аз 22 ноябри соли 1995 ба имзо расонида шуд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ба заминаи
қонунгузорию меъёрии савдои хориҷӣ ва гумрукӣ мутобиқи қонуну

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо