Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
асноди меъёрии дар Иттиҳоди гумрукӣ амалкунанда асосан бунёд гардида, амал мекунад. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумрукӣ" ва "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ" қабул шудаанд.
Ҳуҷҷатҳои асосии зерини дохилидавлатӣ дар амал ҷорӣ карда шудаанд:
-
Асосҳои қонунгузории гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ;
-
Усули ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ;
-
Номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин дигар асноди меъёрии якнавохтшудаи дохилидавлатӣ марбут ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти гумрукӣ.
12 феврали соли 1997 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия созишномаҳои зерин ба имзо расонида шуданд, ки қисми ҷудонопазири Шартномаҳо дар бораи ҳамроҳшавӣ ба Созишномаи Иттиҳоди гумрукӣ аз 6 ва 20 январи соли 1995 мебошанд:
• дар бораи тартиби ягонаи танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
• дар бораи чораҳои таъмини табдили мутақобила ва мӯътадилгардонии қурби рубли Россия ва рубли тоҷикӣ.
Протокол дар бораи ба анҷом расонидани корҳо оид ба иҷрои чорабиниҳои аввалиндараҷаи дар Шартҳои ҳамроҳшавӣ ва лоиҳаи Шартнома дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаҳои Иттиҳоди гумрукӣ (4+1) таҳия ва мувофиқа карда шудаанд.
Моҳи декабри соли 1997 Шӯрои байнидавлатӣ қарор қабул кард, ки заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои шартҳои дигареро, ки барои иштирок дар Иттиҳоди гумрукӣ заруранд, таҳлил намуда, дар сурати наздик будани онҳо, моҳи апрели соли 1998 масъалаи ба Иттиҳоди гумрукӣ қабул кардани ҷумҳурии моро баррасӣ хоҳад кард. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли 1998 дар Москва баргузор гардид,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо