Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

якхела намудани қонунгузории савдои хориҷӣ, гумрукӣ, асъору молиявӣ, нархгузорӣ, андоз ва қонунгузории дигари хоҷагидорӣ;

таҳияи қоидаҳои умумии ташкили бозорҳои асъори давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ ва ба ин бозорҳо роҳ додани бонкҳои ваколатдор, истифодаи қурби ивазкунии асъори дар асоси талаботу пешниҳод ташаккулёфта, ноил шудан ба табдили мутақобилаи асъори миллӣ ва ташкили муносибатҳои самарабахши пардохтӣ, таъмини қоидаҳои ягонаи ба бозорҳои дохилӣ роҳ додани бонкҳои ваколатдор;

татбиқи сиёсати мувофиқашудаи иқтисодии хориҷӣ нисбати кишварҳои сеюм, таъмини ҳифзи муштараки самарабахши сарҳадоти берунии давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ дар шароити кушодагии сарҳадоти байни онҳо;

имконияти истифодаи объекту иншооти ҳарбӣ дар асоси шартҳои барои қувваҳои мусаллаҳи миллӣ муқарраргардида, инчунин мавриди истифодаи муштарак қарор додани объектҳои мудофиа.

Роҳбарони Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Беларусь, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федерацияи Россия онро ба асос мегиранд, ки ба қадри иҷрои ин шартҳо дар Иттиҳоди гумрукӣ дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ иштирок карда метавонанд ва ин ба манфиати умумии иштирокчиёни шартнома дар бораи бунёди Иттиҳоди иқтисодӣ хоҳад буд.

Аз натиҷаҳои соли дар 1999 бадастоварда ҳамаи роҳбарони давлатҳои аъзои ИДМ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Баъд аз чор соли мустақилона пеш бурдани иқтисодиёт, давлатҳои аъзои ИДМ хуб дарк карданд, ки ҳалли бисёр проблемаҳои баамаломада, бо якҷоягӣ ҳаллу фасли худашро тез меёбад. Аз ин сабаб, назарияи ҳамгироии иқтисодии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод барои бисёр давлатҳои аъзои ИДМ ҷолиб буда, барои амалӣ шудани он ин давлатҳо тайёранд, ки бо ҳам баҳри тезонидани ҷараёни ҳамгироӣ даҳҳо маротиба вохӯранд. Миллатҳои давлатҳои аъзо аз роҳбарони давлат ва ҳукуматҳои худ чунин фаъолиятро интизор буданд.

Дар охири соли 1995 ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамроҳ шуд.

пешина
аз 785
навбатӣ