Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§2.1. Назарияҳои иқтисодиёти ҷаҳон

Марҳилаи ташаккули ибтидоии иқтисодиёти ҷаҳон ҳангоми бартараф шудани парокандагии феодалӣ дар кишварҳои Аврупо оғоз ёфтааст. Дар ин давра (асрҳои XV-XVI) назарияи меркантилизм (савдогарӣ) дар иқтисодиёти ҷаҳон мақоми бузургеро мебозид. Дар асоси тарғиботи ин назария савдои хориҷӣ ва мубодилаи мол дар байни давлатҳо бо мақсади ба даст овардани "пули арзишнок" дар шакли тиллою нуқра равона гардида буд. Кишварҳои Аврупо барои ҳарчӣ тезтар амалӣ шудани ин назария бар зидди маҳалгароии феодалҳои алоҳида баромад карда, бо кӯмаки артишу нерӯҳои баҳрии пурқувват бунёди ҳокимияти мутамарказро таъмин намуда, назорати савдои хориҷиро дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ пурра ба роҳ монда тавонистанд.

Назарияи иқтисодӣ ва назарияи сиёсии дар он давра
амалкунандаи меркантилизм фикру зикри буржуазияи навбунёдро
ифода намуда, боигарии давлатро на дар истеҳсолот, балки танҳо дар
муомилоти мол мебинад. Мувофиқи ақидаи меркантилистон Томас
Мун, (1571-1641), Чарлз Давенант (1656-1714), Жан Баптист Колберт
(1619-1683), Сэр Уилям Петти (1623-1687) савдои хориҷӣ бештар бояд
барои ҳарчи зиёдтар ба даст даровардани тилло равона карда шавад,
зеро муомилоти савдои оддӣ (иваз намудани як навъи мол бо моли
дигар) доимо аз як тараф боиси фоида ба даст овардани як кас ва бой
додани шахси дигаре мегардад. Мувофиқи ақидаи меркантилистон
афзудани захираҳои тиллою нуқра дар хазинаҳои давлатӣ асоси
равнақу ривоҷ ёфтани миллат ба шумор меравад. Барои татбиқи
амалии ин фикрҳо онҳо ҷорӣ кардани даҳолати давлатӣ ба савдои
хориҷиро пешниҳод намуда, ба роҳ мондани сиёсати
ҳавасмандгардонии содироти молҳои истеҳсоли ватанӣ ва маҳдуд
намудани воридоти молҳои хориҷиро бо роҳҳои баланд бардоштани
боҷу хироҷ талаб мекарданд. Меркантилистон асоси тараққиёти
саноати маҳаллӣ, зиёд шудани ҷои кор ва афзоиш ёфтани
даромаднокиро дар дохили мамлакат дар васеъ гардонидани доираи
маҳдудиятҳо ва баланд бардоштани боҷу хироҷ ба молҳои

пешина
аз 785
навбатӣ