Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ II. МАРҲИЛАҲОИ ТАЪРИХИИ ТАШАККУЛ ВА ИНКИШОФИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
Назарияи олимон дар бораи иқтисодиёти ҷаҳон
Дар бобати ташаккули иқтисодиёти ҷаҳон дар байни олимон фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Гурӯҳе аз онҳо пайдоиши иқтисодиёти ҷаҳонро аз давраи барқарор гардидани империяи бузурги Рим, ки қисми зиёди ҳудуди давлатҳои он давраро фаро мегирифт, ҳисоб мекунанд. Муносибатҳои иқтисодии ноҳияҳо дар ҳудуди ин империяи бузург чунон дақиқ ва аз нуқтаи назари илмии он замон бо ҳам пайванд буданд, ки ба ташаккул ёфтани соҳаҳои нави истеҳсолот ва пуриқтидор гардидани чунин империяи бузург мусоидат намуданд. Меъёрҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузории империяи бузурги Римро, ки дар онҳо ба асосҳои муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ эътибори зиёд дода шудааст, дар замони мо ҳам бисёр давлатҳои ҷаҳон бе ягон иловаю тағйирот истифода мебаранд. Гурӯҳи дигари олимон раванди ташаккул ва инкишофи иқтисоди ҷаҳонро ҳамчун натиҷаи вусъати савдои байналхалқӣ ҳисобида, марҳилаи инкишофи иқтисоди ҷаҳонро бо назарияҳое алоқаманд мекунанд, ки маҳз ба он бахшида шудаанд. Аз ин рӯ, онро ба марҳилаҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
• ташаккули ибтидоии иқтисодиёти ҷаҳон;
• ташаккули назарияҳои классикии иқтисодиёти ҷаҳон;
• концепсияи неоклассикии Э. Хекшер ва Б. Олин дар бораи омилҳои истеҳсолот;
• назарияҳои навтарин дар бораи роҳҳои идора намудани иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати хориҷӣ;
• ташаккули иқтисодиёти муосири ҷаҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё