Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

воридшаванда медиҳанд. Ба ақидаи худ онҳо ҳамаро бовар мекунонданд, ки аз воридоти молҳои истеъмолии мамлакатҳои дигар тамоман даст кашанд, зеро воридот сабаби асосии камшавии боигарии давлат мегардад. Аз тарафи дигар, онҳо чунин пешбинӣ мекунанд, ки дар ҳолати бад шудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва ё сар задани ҷангҳо қатъ шудани воридоти чунин молҳо вазъи мамлакатро метавонанд хатарнок гардонад. Дар баробари ин давлатҳои пуркудрати он давра, ба мисли Англия, Франция ва Испания ин назарияро асоснок намуда, дар бештари мамлакатҳои забткардаи худ ворид намудани танҳо молҳои саноатии истеҳсоли худро ба роҳ монда буданд, ки ин сиёсат дар давраи ташаккули ибтидоии иқтисодиёти ҷаҳон ба тараққиёти истеҳсолоти сармоядории навташкилёфта мухолифат менамуд.

Сиёсати ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои яктарафа ва истифодаи сармояи танҳои тоҷиронро ба назар гирифта, олимон хоҷагии ҷаҳонии ин марҳиларо марҳилаи маҳдуди иқтисоди номиданд.

§ 2.2. Ташаккули назарияҳои классикии иқтисодиёти ҷаҳон

Дар ин марҳила (асри XVI-XVII) иқтисоди ҷаҳонӣ таҳти таъсири фаъолонаи ҳаракати сармояи савдо дар аксари кишварҳо мустаҳкам гардида, сармояи саноатии бамиёномада ташаккул меёфт.
Савдои хориҷӣ дар ин давра бо роҳи афзун гардонидани миқдори номгӯи молҳои содиротию воридотӣ аз кишварҳои мухталиф шаклҳои мутамаддинтареро касб намуд.

Дар охирҳои асри XVII як қатор иқтисодчиёни англис, ба монанди Адам Смит (1723-1790) ва Давид Рикардо (1772-1823) рафти тараққиёти иқтисоди ҷаҳонро ба назар гирифта, назарияи "савдои озод"-ро (фритрейдерҳо) кашф намуданд, ки мувофиқи он асоси боигарии ҳар як миллат ва халқиятҳоро дар дуруст ба роҳ мондани тақсимоти байналхалқии меҳнат медиданд.

Дар яке аз тадқиқотҳои илмии худ бо номи "Таҳқиқоти табиат
ва сабабҳои боигарии халқҳо" А.Смит ба хулосае омадааст, ки асоси
боигарии миллатҳо ва халқҳоро дуруст ба роҳ мондани тақсимоти

пешина
аз 785
навбатӣ