Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки то бунёди созмони НАФТА қариб 80 фоизи содироти молҳои Мексика ба ШМА рост меомад. Дар солҳои 90-ум боз ҳам пурзӯр шудани раванди ҳамгироӣ дар Европа роҳбарияти бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Мексикаро ба ташвиш овард, зеро дар натиҷаи аз нуқтаи назари илмӣ ба роҳ мондани истеҳсолот дар Европа чунин давлати ҷавон, ба мисли Мексика аз Европа дур шуд.

Мексика дар баробари ин умед дошт, ки бо иқтидор пайдо кардани иқтисодиёти худ, аз як тараф, байни давлатҳои Америкаи Лотинӣ ва аз тарафи дигар, байни ШМА ва Канада миёнаравӣ намуда, дар оянда дохилшавии ин давлатҳоро ба бозори умумии НАФТА таҳти назорат мегирад.

Дар баробари ин роҳбарияти Мексика чунин ҳисоб мекард, ки бо ҷомаи амал пӯшодани ин нақша вазъи сиёсии тамоми мамлакат беҳтар хоҳад шуд.

Созишномаҳои тиҷоратии имзошударо барои гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ равона намуда, тамоми меъёрҳоеро, ки барои ҷалб намудани сармояи хориҷӣ лозиманд, таҳия менамуданд.

Баъд аз бӯҳрони иқтисодие, ки солҳои 1980-82 тамоми мамлакатро фаро гирифт, қарзи хориҷии Мексика хеле зиёд шуда буд. Бар замми ин қарзҳои зиёде, ки ҳукумати пешинаи ин давлат бо сарварии Деломадрид ва Салинас аз кишварҳои хориҷӣ гирифта буд, бештар барои пӯшондани касри тавозуни тиҷорат, ки дар натиҷаи беқурбшавии асъори миллӣ ба амал омада буд, равона карда мешуданд.

Солҳои 1985-90 Ҳукумати Мексика барои мӯътадил намудани вазъи кишвар, ба роҳ мондани соҳаҳои саноат сармояи зиёди хориҷиро бо фоизи баланд ҷалб намуд. Лекин бо сабаби нодуруст истифода бурдани қарз вазъи иқтисодии мамлакат боз ҳам вазнинтар шуда, хавфи зиёдшавии ноустувории молиявиро ба вуҷуд овард.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки созмони НАФТА ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, кулли масъалаҳои сохтори макроиқтисодиро бе барномаи воқеии тараққиёти иқтисодии мамлакат имконпазир намегардонад.

пешина
аз 785
навбатӣ