Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бо дарназардошти мақсадҳои Мексика роҳбарияти се давлат чунин хулоса бароварданд, ки то январи соли 2000 тамоми маҳдудиятҳоеро, ки садди роҳи ҳаракати хизматрасонии молиявӣ қарор доранд, аз байн бардоранд ва барои фаъолияти озоди бонкҳо, фирмаҳои сармоягузор ва ширкатҳои суғурта дастур тайёр намоянд.
Албатта, дар баробари ноил шудан ба муваффақиятҳо масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе маҳдудиятҳо низ боқӣ монда буданд. Аз он ҷумла, ҳаракати озоди қувваи корие, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа таъмин карда мешуд, дар Америкаи Шимолӣ маҳдудиятҳои худро дошт. Ҳаракати озоди қувваи корӣ танҳо барои мутахассисони ҳар се давлати аъзои созишнома пешбинӣ шудааст. Онҳо озодона метавонанд дар тамоми қитъаи Америкаи Шимолӣ зиндагӣ ва кор кунанд. Барои муҳоҷирати қисми асосии аҳолии Мексика, албатта, ҳоло маҳдудиятҳо аз байн бардошта нашудаанд. Бо вуҷуди ин хусусияти хоси созишномаи имзошуда на дар он аст, ки ШМА ҳамчун як давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ бузурги ҷаҳон дар он нақши асосиро мебозанд, балки дар он аст, ки ин созишнома ягона созишномае мебошад, ки байни мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон Канадаю ШМА ва мамлакати қафомондаи аграрии Мексика имзо гардида буд.
Огоҳӣ аз асрори бунёди созмонҳои иқтисодии давлатҳои тараққикарда ва мамлакатҳои аз ҷиҳати техникӣ қафомондаи ҷаҳон ҳавасмандии чунин давлатҳоро, ба мисли Чили ва Венесуэла барои ҳамроҳ шудан ба ин созмонҳо бедор намуд. Дар натиҷа, дар ин давра назарияи созмон додани минтақаи тиҷорати озод, ки он аз ҳудуди Аляскаи арктикӣ ва Антарктидаи архипелагӣ то заминҳои Оташини ҷанубиро дар бар мегирифт, пайдо шуд.
Дар раванди ҳамгироӣ дар баробари паст фаровардани андози гумрукӣ масъалаҳои танзим намудани қарзи давлатҳои қафомонда, ба Мексика додани имтиёзҳо ҳал гардиданд. Додани чунин имтиёзҳо ба Мексика қариб тамоми давлатҳои Америкаи Лотиниро, ки қисми зиёди содироти онҳоро муносибатҳои тиҷоратӣ бо ШМА ташкил менамуд, дар ташвиш гузошта буд. Онҳо фикр мекарданд, ки шояд сирре вуҷуд дошта бошад, ки давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонро чун
146

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё