Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
баъдтар бо номи "Конститутсияи нави иқтисодии Америкаи Шимолӣ" машҳур гардид.
Созишномаи баимзорасида аз 1 январи соли 1994 эътибори қонунӣ пайдо намуд.
Мувофиқи конститутсияи нави иқтисодӣ дар муддати 15 соли оянда бекор намудан ва аз байн бардоштани тарифҳои гумрукии зиёда аз 10 ҳазор номгӯи молҳо пешбинӣ шуда буд. Онҳо пеш аз ҳама ба хулосае омаданд, ки тамоми тарифҳои гумрукии содиротӣ ва воридотии маҳсулоти кишоварзӣ, либосҳои дӯхта ва матоъҳоро дар қаламрави давлатҳои Америкаи Шимолӣ бояд аз байн бардоранд.
Дар баробари ин омилҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки Канада ва ШМА-ро ба ҳарчи зудтар таъсис додани созмони НАФТА водор менамуданд. Пеш аз ҳама амалӣ сохтани орзуи Канада ва ШМА оид ба ҳарчи тезтар мӯътадил намудани вазъи сиёсии давлати ҳамсоя, яъне Мексика буд.
Раванди демократонӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки сарвари ин давлат Деламадрид пеш гирифта буд, дар баробари пурзӯр намудани назорати раванди муҳоҷирати қувваи кории Мексика, барои ворид шудани фирмаҳои америкой ба бозори дохилии Мексика, истифодаи қувваи кории арзон ва роҳ ёфтан ба захираҳои арзони нафти халиҷи Мексика (музофоти Чипас) шароити мусоид муҳайё намуда буд.
Дар ҳалли масъала дар он шароит нақшаҳои дурандешонаи Америка оид ба ҷуброн намудани касри (дефицити) тавозуни (баланси) тиҷоратии Япония ва Германия аз ҳисоби салдои мусбии давлатҳои Америкаи Лотинӣ ва дар ин замина ҳамчун як дастгоҳи ёридиҳанда истифода намудани Мексика нақши муҳимро мебозиданд.
Мақсади дигари дурандешонаи стратегии Америка аз бунёди созмони НАФТА иборат аз он буд, ки бо амалӣ шудани ин нақша ШМА имконият пайдо мекунанд, ки ба ҳамкорони тиҷоратии европоӣ ва осиёгии худ таъсир расонида, овозҳои онҳоро дар музокираҳои навбатии Шартномаи умумӣ оид ба тарифҳо ва савдо (ГАТТ), ки бо номи раундҳои Уругвай доир мегардиданд, ба нафъи худ истифода баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё