Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар баробари кам кардани шумораи кормандони маъмурӣ диверсификатсияи иқтисодиётро ба анҷом расонида, партовҳои нафтро баъд аз коркард ҳамчун манбаи асосии содирот истифода мебурд.

Тараққиёти босуръати давлатҳои Осиё, ба мисли Япония, Тайван, Гонконг роҳбарияти Мексикаро водор кард, ки ислоҳоти пешбининамудаи иқтисодии худро ҳарчи тезтар бо роҳи иштирок дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ амалӣ намуда, дар муносибатҳои тиҷоратии байни ин давлатҳо ва Америкаву Канада миёнаравӣ намояд.

Гуфтушунидҳои аввалин бо ШМА барои бунёди минтақаи савдои озод соли 1990 оғоз шуда буданд. Баъдтар ба ин гуфтушунидҳо роҳбарияти Канада низ ҳамроҳ шуд.

Албатта, мо бояд онро ба назар гирем, ки роҳбарияти ҳар се давлат бо вуҷуди фарқияте, ки дар сатҳи тараққиёти ин давлатҳо дида мешуд, ин муттаҳидшавиро ба нафъи миллати худ бо тарзу усулҳои хоси худ истифода мебаранд.

Мексика барои иштирок дар равандҳои ҳамгироӣ бо ин давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон умед дошт, ки пешравиҳо ва сатҳи баланди истеҳсолоти ин ду мамлакатро истифода бурда, соҳаҳои саноати худро тараққӣ медиҳад. Дар баробари ин бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ онҳо барои зудтар ба роҳ мондани истеҳсолоти худ ба гирифтани кӯмакҳои молиявӣ низ умед доштанд.

ШМА ва Канада аз чунин муттаҳидшавӣ ният доштанд, ки ба манбаъҳои ашёи хом, қувваи кории арзон наздик шуда, аз гузоштани сармояи худ даромади баланд мегиранд.

Барои амалӣ шудани чунин мақсадҳо моҳи декабри соли 1992 байни Канада, Мексика ва ШМА созишнома оид ба бунёди минтақаи тиҷорати озоди Америки Лотинӣ бо номи НАФТА ба имзо расид.

Барои омӯзиши пешниҳодҳои ҳар се тараф комиссияи муштарак таъсис дода шуд, ки он дар муддати зиёда аз як сол тамоми пешниҳодҳои иқтисоддонони ин мамлакатҳоро баррасӣ ва ҷамъбаст намуда, барои татбиқи онҳо барномаи махсусеро пешниҳод намуд, ки

пешина
аз 785
навбатӣ