Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар моддаи 3 Қонуни мазкур принсипҳои асосие нишон дода шудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ онҳоро дастури амал қарор медиҳад:
• фоидаи мутақобилаи ҳамкории муфид бо ҳама давлатҳо, шахсони воқеии хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ;
• баробарии тарафҳо;
• даҳолат накардан ба корҳои дохилии шарикони робитаҳои хориҷӣ;
• иҷрои ӯҳдадориҳои ҳамдигарие, ки тибқи созишномаҳо бо давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба ӯҳда гирифта шудаанд;
• дигар меъёрҳо ва қоидаю шартҳои байналхалқӣ".

Ҳамин тариқ, моҳияти иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар он аст, ки ин фаъолият муносибатҳои байналхалқии истеҳсолию иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, мубодилаи ашёи хом ва молу маҳсулот, тахассусу кооператсияи истеҳсолот, ҳамкории илмию техникӣ ва шаклҳои дигари ҳамкории кишварро бо давлатҳои дигар инъикос менамояд.

Моҳият ва принсипҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ категорияҳо ва мафҳумҳои иқтисодиеро муайян менамояд, ки дар онҳо муносибатҳои истеҳсолию иқтисодии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ифода мегардад.

Категорияҳои ибтидоии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ субъектҳо, объектҳо ва иштирокчиёни робитаҳои (фаъолияти) иқтисодии хориҷӣ мебошанд.

Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - ин худи давлат, мақомоти ваколатдори он, ҳар ташкилоту корхона ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон мебошанд, ки амалашон ба ҳамкории байналхалқӣ равона гардидааст.

Объектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - ин тамоми намудҳои захираҳои дар кулли соҳаю бахшҳои иқтисоди кишвар бунёдгардида, аз ҷумла захираҳои меҳнатӣ, молу хадамот, коғазҳои қиматнок, маҳсулоти илмию техникӣ, сармоягузориҳо, сарватҳои маънавӣ ва арзишҳои дигар, ба истиснои он объектҳое мебошанд, ки истифодаи

пешина
аз 785
навбатӣ