Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳо дар фаъолияти иқтисодии хориҷӣ тибқи қонунҳои амалкунанда манъ аст.

Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ - ин субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошанд, ки дар ин фаъолият дар қаламрави кишвар ё хориҷ аз он иштирок карда, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории кишвар ба сифати иштирокчӣ номнавис шудаанд. Иштирокчӣ аз субъекти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо он фарқ мекунад, ки ҳуқуқи ӯ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо тартиби дар кишвар тасдиқшудаи номнависӣ тасбит гардидааст. Ин чунин маъно дорад, ки агар ҳар субъект дорои ҳуқуқи эҳтимолии машғул шудан бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошад, пас иштирокчӣ ҳуқуқи воқеию расмии анҷоми амалиёти содироту воридот ва содироти такрорӣ (реэкспорт) дар хориҷи кишвар дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба қайд гирифта, ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор ва варақаи бақайдгирии намунаи муқарраршуда медиҳад. Пас аз бақайдгирӣ субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ барои анҷоми фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (содирот, воридот; реэкспорти ашёи хом, молу маҳсулот, кору хадамот ва намудҳои дигари фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Аз моҳияти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ чунин бармеояд, ки он дар асоси тақсимоти байналхалқии меҳнат ба амал бароварда шуда, ба сарфакории меҳнати ҷомеа дар ҷараёни истеҳсол ва мубодилаи маҳсули он дар байни кишварҳои мухталиф равона гардидааст.

Воқеан, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба таври умум ва аз он
ҷумла, мубодилаи байналхалқии мол (кору хадамот) аз ҷиҳати
иқтисадӣ дар ҳолате мувофиқи мақсад аст, ки агар кишвари алоҳида
барои истеҳсоли моли худ, ки ба бозори хориҷӣ пешниҳод мешавад,
нисбат ба кишварҳои дигар меҳнати камтар сарф кунад. Ин чунин
маъно дорад, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ танҳо дар сурати
ташкили дурусти содироту воридот фоидаовар аст. Натиҷаҳои

пешина
аз 785
навбатӣ