Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Нархи ҷаҳонӣ - навъи нархест, ки дар тиҷорати ҷаҳонӣ истифода гардида, дараҷаи инкишофи тахассуси байналхалқии меҳнат ва ҷараёни нархро дар бозорҳои кишварҳои зиёд ба муддати якчанд сол инъикос менамояд.
Чунин нархҳо асосан ҳангоми анҷом додани муомилоти ҳаҷман калони содиротию воридотӣ истифода мешаванд.
Принсипҳои ибтидоии мазкур дар баробари омилу шартҳои дигари истеҳсолот ва тиҷорат моҳияти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, категорияҳо ва муносибати иқтисодии танзимкунандаи ин фаъолиятро муайян менамоянд.
Принсипҳои асосӣ ва тартиби татбиқи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян шудаанд, ки 27 декабри соли 1993 бо қарори №70 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда шудааст. Ин Қонун ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва амволи ширкаткунандагони фаъолияти иқтисодии хориҷиро, сарфи назар аз шакли моликияташон, мутобиқи меъёрҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ таъмин намуда, барои ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ заминаи ҳуқуқӣ бунёд мекунад. Амали қонуни мазкур ба тамоми шаклу навъ ва шароити фаъолият дар соҳаи муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ, аз ҷумла ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ, савдои хориҷӣ ва наздисарҳадӣ, амалиёти суғурта (бима) ва нақлиёт, туризм, тарбия ва бозомӯзии кадрҳо дар хориҷа дахл дорад.
Дар моддаи 1 Қонуни мазкур фаъолияти иқтисодии хориҷӣ чунин шарҳ дода шудааст:
Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ маҷмӯи амалҳои воқеии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фирмаю корхонаҳо, асотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ, концерну корхонаҳои муштарак ва соҳибкоронро, ки минбаъд шахсони ҳуқуқию воқеӣ номида мешаванд, дар бар мегирад ва мақсад аз ин амалҳо барпо намудан ва рушди ҳамкории муфид бо давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқию воқеии онҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё