Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
худ кардани хулосабарорӣ ва характери хулоса аҳамияти калон дорад.
Бинобар ин, мо дар поён чӣ навъ будани ҳаҷми терминҳои мубтадо ва хабарро чор навъи муҳокима дида мебароем:
- Дар муҳокимаи умумии тасдиқӣ термини мубтадо муштарак буда, термини хабар номуштарак мебошад. Масалан, «Ҳамаи драматургон нависанда мебошанд». Дар ин муҳокима термини мубтадо «ҳамаи драматургон» ба ҳаҷми пуррааш гирифта шудааст, зеро сухан дар бораи ҳамаи драматургон меравад. Бинобар ин, термини мубтадои ин муҳокима муштарак мебошад. Термини хабари ин муҳокима «нависандагон» ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, чунки дар ин ҷо фикр дар бораи ҳамон қисми нависандагон рафта истодааст, ки онҳо ҳамаи драматургҳоро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, термини хабари ин муҳокима номуштарак мебошад.
Аммо аз ин қоида таърифи мафҳум истисно мебошад. Таърифи мафҳум ҳам ба воситаи муҳокима ифода карда мешавад. Агар муҳокима таърифи мафҳум бошад, он гоҳ термини хабари он ҳам муштарак мешавад. Масалан, «Сатира — навъҳои гуногуни асари бадеӣ мебошад, ки дар вай иллат, нуқсони ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва ҳаёти шахсӣ бо каҳру газаб маҳкуму масхара карда мешаванд».
Дар ин ҷо термини хабари мантиқӣ ҳам муштарак мебошад, зеро ҳаҷми хабари мантиқӣ бо ҳаҷми мубтадои мантиқӣ мутаносиб аст. Дар ин муҳокима ҷои терминҳо иваз карда шаванд ҳам, мазмуни вай тағйир намеёбад.
Лекин ҳамчун қоида дар муҳокимаи умумии тасдиқӣ термини мубтадо муштарак буда, термини хабар номуштарак мебошад, зеро дар аксарияти муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ ҳаҷми термини хабар аз ҳаҷми мубтадо васеътар мебошад ва ҳаҷми термини мубтадо ба ҳаҷми термини хабар дохил мешавад.
Ҳаҷми терминҳои мубтадо ва хабари муҳокимаи умумии тасдиқӣ ба воситаи доираҳо ишора карда мешавад. (Нигар ба расми 9).
- Дар муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ, ҳам термини мубтадо ва ҳам термини хабар номуштарак мебошад. Масалан, «Баъзе муаллимон ҳуқуқшинос мебошанд». Дар ин ҷо термини мубтадо «баъзе муаллимон» ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, зеро фикр дар бораи як қисми муаллимон мерапад, пас, термини мубтадои ин муҳокима номуштарак аст. Термини хабари ин муҳокима «ҳуқуқшинос» ҳам ба ҳаҷми пуррааш гирифта нашудааст, чунки дар ин ҷо фикр дар бораи танҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё