Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
- Муҳокимаи ҷузъии инкорӣ. Ин муҳокима аз ҷиҳати миқдор ҷузъӣ буда, аз ҷиҳати сифат инкорӣ мебошад. Масалан: «Баъзе давлатҳои Европа давлатҳои демократӣ намебошанд».
Муҳокимаи умумии тасдиқӣ бо формулаи зерин ишора карда мешавад:
«Ҳамаи $S-P$ мебошад».
Формулаи муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ чунин аст:
«Баъзе $S-P$ мебошад».
Муҳокимаи умумии инкорӣ чунин формула дорад:
«Ҳеҷ як $S-P$ нест».
Муҳокимаи ҷузъии инкорӣ чунин формула дорад:
«Баъзе $S-P$ нест».
Дар илми мантиқ ҳар як наВъи ин чор муҳокима бо ёрии ҳарфҳои алоҳида ишора карда мешаванд. Муҳокимаи умумии тасдиқӣ бо ҳарфи $A$ ишора карда мешавад, ки ин ҳарф — ҳарфи якуми садоноки калимаи юнонӣ Affirmo буда, маънои ин калима «тасдиқ менамоям» аст. Муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ ба воситаи ҳарфи «i» ифода карда мешавад, ки ин ҳарфи дуюми садоноки ҳамон калима аст. Муҳокимаи умумии инкорӣ бо ҳарфи «E» ишора карда мешавад, ки ин — ҳарфи якуми садоноки калимаи юнонӣ Nego буда, маънояш «инкор мекунам» аст. Муҳокимаи ҷузъии инкорӣ бо ҳарфи «О» ишора карда мешавад, ки ин — ҳарфи дуюми садоноки ҳамон калима мебошад.
§ 6. ҲАҶМИ ТЕРМИНҲО ДАР МУҲОКИМА
Дар муҳокима ягон нишона нисбат ба як предмет, ё ба якчанд предметҳо ва ё ба ҳамаи предметҳои ҷинс, гурӯҳ, тасдиқ ва ё инкор карда мешавад. Яъне термини мубтадо ва хабари як ё якчанд предметҳо (як қисм) ва ё ҳамаи предметҳои ҷинси муайянро инъикос менамояд.
Агар термини мубтадо ҳамаи предметҳои ҷинсро инъикос кунад, ин термин ба ҳаҷми пуррааш гирифта мешавад, агар як қисми предметҳои ҷинсро инъикос кунад, ба ҳаҷми пуррааш гирифта намешавад. Айнан, мисли ҳамин агар термини хабар ҳамаи предметҳои ҷинси муайянро инъикос кунад, ба ҳаҷми пуррааш гирифта мешавад ва агар як қисми предметҳои ҷинсро инъикос намояд, ба ҳаҷми пуррааш гирифта намешавад. Термини ба ҳаҷми пуррааш гирифташуда термини муштарак ва термини ба ҳаҷми пуррааш гирифтанашуда термини номуштарак номида мешавад. Дар муҳокима муштарак ва номуштарак будани терминҳои мубтадо ва хабарро донистан барои аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё