Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҷудо карда натавонад, асари вай бемазмуну хом мебарояд ва аҳамияти иҷтимоӣ-тарбиявӣ пайдо намекунад.

Бо ёрии абстраксиякунӣ нишонаҳо, хусусиятҳои муҳим аз ғайримуҳим фикрӣ ҷудо карда, дониста гирифта мешаванд. Аммо дар воқеияти реалӣ ҳар як предмет, ҳодиса қисми муайян, тараф, навъи гурӯҳ, ҷинс, авлод, зот, — яъне қисми ягон чизи умумӣ мебошад. Тафаккур барои дониста гирифтани алоқаи предмети омӯхтаистода ба ягон умумият равона карда мешавад. Ин умумият, ҷиҳатҳо, хусусиятҳои умумии предметҳо бо ёрии амали мантиқӣ — умумиятдиҳӣ дониста гирифта мешаванд.

Умумиятдиҳӣ чунин амали мантиқиест, ки ба воситаи он фикрӣ ин ё он хусусиятҳои умумие, ки ба ҳамин навъ ва ё ҷинси предметҳо тааллуқ дорад, ҷудо карда гирифта, хулоса бароварда мешавад, ки он ба ҳар як предмети ҷинси мазкур хос мебошад.

Дар рафти умумиятдиҳӣ ҷиҳатҳо, хусусиятҳои махсуси ҳар як предмети алоҳида аз назар дур карда шуда, хусусияти умумии ҳамаи предметҳои алоҳидаи ҷинси муайян ҷамъбаст карда мешавад. Ба воситаи умумиятдиҳӣ фикрӣ аз якка ба умумӣ мегузарем.

Чунончи, дар мафҳуми «растанӣ» ҳамаи хусусиятҳои умумии навъҳои гуногуни растанӣ, дар мафҳуми «ҳайвонот» нишонаҳои умумии ҳамаи хелҳои ҳайвонҳо, дар мафҳуми «забон» хусусиятҳои умумии ҳамаи забонҳои халқҳо, дар мафҳуми «формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ» нишонаҳои умумии ҳамаи ҷамъиятҳои инсонӣ инъикос ёфтаанд ва ҳоказо.

Дар мафҳуми «забони гурӯҳи эронӣ» нишонаҳои ҷинсӣ ва умумии забонҳои алоҳида (забонҳои эронӣ, тоҷикӣ, курдӣ, белучӣ, татӣ, талишӣ, осетинӣ, яғнобӣ, помирӣ) ҷамъбаст карда шудааст.

Дар бораи предмети тоқа мафҳум пайдо намудан он қадар душвор нест. Барои мафҳуми предмети тоқаро пайдо кардан танҳо як нишонаи муҳимми вайро дониста гирифтан кифоя аст. Масалан, мафҳуми «Москва»-ро бо ёрии нишонаи муҳимми он инчунин таъриф кардан мумкин аст: «Москва — пойтахти Иттифоқи Советӣ мебошад». Аммо дар бораи як гурӯҳи ҷинсии предметҳо мафҳум ба вуҷуд овардан хеле душвор аст.

Дар ин маврид, аввало, нишонаи муҳимми ҳар яктои ҷинси мазкури предметҳо муқаррар ва абстраксия карда мешавад.

Баъд, аз ин нишонаҳо чунин нишонаҳое интихоб карда мешаванд, ки онҳо умумӣ, бояд ба ҳар як предмети ҳамин ҷинс хос бошанд. Маҳз ҳамин гуна амали мантиқӣ умумиятдиҳии нишонаҳо ном дорад.

Барои умумиятдиҳӣ бояд аввало фактҳо, донишҳо оид ба предметҳои алоҳида муқаррар карда шаванд. Умумиятдиҳӣ ба

пешина
аз 192
навбатӣ