Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

таги об фурӯ намеравад ва аз вай дарғоту қаиқ сохта аз дарёю кӯлҳо гузаштан мумкин аст ва ғайра. Ин хусусиятҳои фоиданокро ба хотир нигоҳ дошта, одам ба авлоди наврас вогузор мекунад. Аз ин сабаб одамон нишонаҳои фоиданок ва муҳимми предметҳо аз хусусиятҳои номуҳим ва бефоидаи онҳо ҷудо карда абстракция меноманд.

Дар оянда қобилияти ҷудо карда гирифтани хосиятҳо, нишонаҳои фоиданоки предметҳо такмил меёбад.

Таҷрибаи дониш шаҳодат медиҳад, ки тамоми донишҳо бо ҳамин роҳ ба вуҷуд омадаанд. Донишҳои одам натиҷаи нишонаҳои муҳимро аз хусусият ва нишонаҳои муҳим фикрман ҷудо карда гирифта, онҳоро аз назар дур кардан аст.

Дар роцесси тафаккур одам ҷиҳатҳои номуҳим, тасодуфии предмет ва ҳодисаро аз назар дур карда, ҷиҳатҳои муҳим ва зарури онҳоро дониста мегирад.

Хусусиятҳои предметро фикран ҷудо карда гирифтан абстракциякунӣ номида шудааст.

Абстракциякунӣ чунин амали мантиқиест, ки дар рафти он нишона, хусусиятҳои муҳимми предметҳо, ҳодисаҳо фикран ҷудо карда шуда, дигар нишонаҳо, хусусиятҳо, алоқа ва ҷиҳатҳои ҳамон предмет аз назар дур карда мешавад.

Нишонаҳо, хусусиятҳои муҳимтарини предметҳоро абстракция карда ва онҳоро ҷудо карда гирифтан барои пайдо намудани дониш аҳамияти калон дорад.

К. Маркс дар сарсӯхани асари худ «Капитал» менависад, ки барои таҳлили шаклҳои иқтисодӣ на аз микроскоп истифода бурда мешавад ва на аз реактивҳои химиягӣ, балки ҳар дуи онҳоро ҳам қувваи абстракциякунӣ иваз мекунад.

Тафаккур аз чизҳои аёнӣ ва конкретӣ ба чизҳои абстрактӣ гузашта аз ҳақиқат дур не, балки баръакс, агар ин абстракциякунӣ дуруст бошад, ба вай наздик мешавад. Чӣ тавре ки В. И. Ленин гуфта буд, абстракцияи материя, қонуни табиат, абстракцияи арзиш ва ғайра, хулоса ҳамаи абстракцияҳои (дуруст, ҷиддӣ, ғайрибемаънӣ) илми табиатро чуқуртар, дурусттар ва пурратар инъикос мекунанд.

Ҳамаи типҳои адабиёти бадеӣ мувофиқи қонунҳои абстракциякунӣ ба вуҷуд меоянд. М. Горький гуфта буд, ки танҳо «абстракция карда мешаванд» (яъне ҷудо карда мешаванд), корнамоиҳои ба назар намоёни бисёру қаҳрамонҳо, дар намуди як қаҳрамон, масалан, Геркулес ё Илья Муромеци рязанӣ ҷамъбаст карда мешавад: хислатҳои бештар табиии ҳар як савдогар, ашроф, деҳқон ҷудо карда шуда, он ба шахсияти як савдогар, ашроф ё деҳқон ҷамъбаст карда мешавад.

Бо ҳамин роҳ типи бадеӣ ба вуҷуд меояд. Агар адабиётшинос аз таассурот ва ҳиссиёти бисёру бетартиби худ чизи асосӣ, объективӣ ва типиро аз ҷиҳатҳои ноорому муваққатии гузаранда

пешина
аз 192
навбатӣ