Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
муттаҳид карда мешавад ва алоқамандӣ, ба ҳам таъсиррасонии қисмҳои таркибии предмети том омӯхта мешавад.
Дар вақти анализ (таҳлил) предмет фикран ба қисмҳои таркибӣ ҷудо карда мешавад. Бо ёрии синтез ин қисмҳои таркибӣ фикран якҷоя карда мешаванд. Лекин синтез на танҳо фикран якҷоякунии қисмҳо мебошад. Дар рафти синтез боҳамтаъсиррасонии қисмҳои таркибии предмети том фаҳмида гирифта мешавад.
Набояд аз хотир фаромӯш кард, ки анализ (таҳлил) танҳо як ҷиҳати дониш буда, ҷиҳати дуюми он синтез мебошад. Дар вақти дониш аналисро аз синтез ҷудо кардан мумкин нест. Анализ ва синтез ду ҷиҳати аз ҳамдигар ҷудонашавандаи ягона процесси дониш мебошанд.
Дар вақти таълиму тарбия, дарсдиҳӣ ин ду усули мантиқӣ — анализ ва синтез якҷоя ба кор бурда мешаванд.
Чунончи, муаллими адабиёт таҳлили ягон асари бадеиро сар карда, аввало диққати хонандагонро ба мазмун ва маънои умумӣ ҷалб мекунад ва баъд аз он асар ба қисмҳои таркибӣ ҷудо карда мешавад. Дар айни ҳол муносибати ҳар як қисм бо қисмҳои дигари асар алоқамандона омӯхта мешавад.
Таърихшинос ҳам дар бораи воқеаҳои алоҳидаи таърихӣ нақл карда, дар айни замон характеристикаи давраи муайянро баён менамояд ва лаҳзаҳои асосӣ, ҳалкунандаро махсус қайд мекунад. Хонанда ҳам воқеаҳои алоҳидаи таърихии фикрҳои баъд аз он баён шударо на ҳамчун ҳодисаҳои тасодуфӣ, балки ҳамчун давраҳои алоқаманди давраи мазкурӣ таърихӣ қабул мекунад.
Узван алоқаманд будани анализ ва синтез барои дониш ва барои бомуваффақият ба анҷом расонидани тадқиқот аҳамияти калон дорад.
Барои донистани предмет бояд ҳамаи хусусиятҳои он бо предметҳои дигар алоқамандона омӯхта шаванд. Мукаммал дониста гирифтани ин ҷиҳатҳо ҳатмист, зеро ҳар як предмет дорои хусусиятҳои сершумору беинтиҳо мебошад, вале ҳамин талаботи ҳарҷониба, ҳаматарафа омӯхтан — чи тавре ки В. И. Ленин гуфта буд, — моро аз хатогиҳо нигоҳ медорад.
Дар вақти тафаккур анализ ва синтезро ба кор бурда, предмет фикран ба қисмҳо ҷудо карда шуда, ин қисмҳо муттаҳид гардонида мешаванд. Ҳар як предмет ва ҳодиса дорои қисмҳо, ҷиҳатҳо, хусусиятҳо, нишонаҳои сершумор мебошад. Баъзеи онҳо муҳим буда, дигарашон номуҳим мебошанд.
Одамон дар рафти фаъолияти амалии худ бо предметҳо, ҳодисаҳои гуногуни табиат дучор шуда, нишонаҳои муҳимро аз нишонаҳои ғайримуҳим фарқ мекунанд. Чунончи, ҳанӯз аз замонҳои қадим одамон медонанд, ки нисбат ба чӯби дарахт аз санг яроқ, аслиҳаи пуриқтидортар сохтан беҳтар аст, пӯсти ҳайвонот тани одамро аз хунукӣ нигоҳ медорад: чӯби дарахт ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё