Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
фактҳо асос меёбад. Масалан, Садриддин Айнӣ дар образи «Корӣ Ишкамба» бисёр хислат ва хусусиятҳои одамони ҳасисро моҳирона ҷамъбаст намудааст. Ин образ таҷАССУМИ ҳамин гуна образҳост.
М. Горький мегуфт, шахсоне ки ҷиҳатҳои махсуси характерикии синфиро ҷудо карда гирифта, онро ба як образи бадеии умумӣ ҷамъбаст карда метавонанд, нависандагони истеъдодноканд.
М. Горький таъкид мекард, ки ҳар як санъаткор бояд барои умумикунонӣ, ҳодисаҳои такроршавандаи воқеиятро дар образи типӣ ҷамъбаст карда тавонад. Нависанда бо ёрии образи алоҳида чизи типиро нишон медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба воситаи умумиятдиҳӣ нишонаҳо, хусусиятҳои муҳим ва умумии предметҳо фиқран ҷамъбаст карда мешаванд, ки ин амал барои пайдошавии мафҳум аҳамияти калон дорад.
Инак, барои дар бораи предметҳо, ҳодисаҳо мафҳум пайдо намудан, онҳо чуқур ва ҳарҷониба омӯхта шуда амалҳои мантиқӣ: муқоиса, анализ, синтез, абстрақсиякунӣ ва умумиятдиҳӣ ба кор бурда мешаванд.
§ 6. НАВЪҲОИ МАФҲУМ
Маълум аст, ки ҳар як мафҳум дорои ҳаҷм ва мазмун аст. Аз нуқтаи назари ҳаҷм ва мазмуни мафҳум ба якчанд навъҳо тақсим мешавад. Аз ҷиҳати ҳаҷми худ мафҳум аввало ба ду навъ: мафҳуми тоқа ва умумӣ тақсим мешавад.
Мафҳуме ки нишонаҳои муҳим ва асосии предмети алоҳидаро инъикос мекунад, мафҳуми тоқа ном дорад. Мафҳуми тоқа ба чис, гурӯҳ тааллуқ дорад, вале қатъи назар аз ин пай танҳо ба як предмети он мансуб аст.
Чунончи, мафҳумҳои «Стансияи электрикии обии Қайроққум, ба номи «Дӯстии халқҳо», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Киштии яхшикани атомии ба номи В. И. Ленин», «муаллифи романи «Субҳи ҷавонии мо» ва ғайраҳо мафҳумҳои тоқа мебошанд.
Мафҳуме ки нишонаҳои муҳими ҷинси муайяни, як гурӯҳ предметҳоро инъикос менамояд, мафҳуми умумӣ номида мешавад. Мафҳуми умумӣ на ин ки ба як предмет, балки ба чиз, гурӯҳи предметҳо тааллуқ дорад. Масалан, мафҳумҳои «давлат», «ҷамъият», «забон», «рубоиёт», «республикаи халқӣ» ва ҳоказоҳо мафҳумҳои умумӣ мебошанд.
Мафҳумҳои умумӣ дар навбати худ ба мафҳумҳои умумии қайдшаванда ва умумии қайднашаванда тақсим мешаванд. Мафҳуме ки миқдори предметҳои инъикоскунандаи он маҳдуд аст, мафҳуми қайдшаванда номида мешавад. Чунончи, мафҳумҳои «мамлакатҳои социалистии замони ҳозира», «забони халқҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё