Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Ин фикр чунин маъно дорад, ки барои аз хулосабарорӣ ёфтани дониши ҳақиқӣ, бояд ба ду шарти зерини риоя карда шавад:
- Мухокимаҳо, фикрҳое, ки аз онҳо хулоса бароварда мешавад, бояд хак бошанд;
- Дар рафти хулосабарорӣ бояд ин мукаддимаҳо мувофиқи коида ва конунҳои мантиқӣ алокаманд бошанд.
Яке аз ин шартҳо ба ҷо оварда нашавад, хулосаи хак баровардан мумкин нест.
Ду хулосабарории нодурустро дида мебароем:
- Ҳамаи забоншиносон коидаҳои грамматикиро нағз медонанд.
Ин шахс коидаҳои грамматикиро нағз медонанд.
Пас, ин шахс забоншинос мебошад.
2. Ҳамаи нависандагон асарҳои драмавӣ менависанд.
Абдураҳмони Ҷомӣ асарҳои драмавӣ нанавиштааст.
Пас, Абдураҳмони Ҷомӣ нависанда намебошад.
Дар мисоли якум ҳар ду мукаддима ҳам хак мебошанд, вале хулоса нодуруст аст, зеро мумкин ин шахс забоншинос набудащу аммо коидаҳои грамматикаро нағз донад. Ин хулоса нодуруст аст, барои он ки яке аз коидаҳои хулосабарорӣ вайрон карда шудааст.
Дар мисоли дуйӯм хулосаи дурӯғ («Абдураҳмони Ҷомӣ нависанда намебошад») ҳосил шуд, чунки яке аз мукаддимаҳо («Ҳамаи нависандагон асарҳои драмавӣ менависанд») — дурӯғ буд ва қатъи назар аз он ки дар ин ҷо ба коидаҳои мантиқӣ риоя карда шуд, хулоса ғалат баромад. Фикрҳои зикршуда ба он шаҳодат медиҳанд, ки барои хулосабарории хак ба коидаҳои мантиқӣ риоя кардан ҳанӯз кифоя нест, илова бар он мукаддимаҳо бояд хак бошанд.
Фикрҳо, мухокимаҳое ки аз онҳо хулоса бароварда мешаванд, бояд мазмунан хак бошанд, бо вокеият мувофиқ оянд ва алокамандии онҳо мувофиқи конун ва коидаҳои мантиқӣ бошанд.
Фикри мантиқӣ бояд аз илми мантиқ фарк карда шавад. Инсон дар давоми ҳазорҳо сол, аз давраи пайдоиш ва ташкильёбии тафаккур, мувофиқи конунҳои мантиқӣ фикр мекард, вале илми мантиқ танҳо баъди ошкор ва кашф кардани ин конунҳо ба вуҷуд омадааст.
§ 7. ТАЪРИФИ ИЛМИ МАНТИҚ
Баъд аз муайян кардани шаклҳои фикр, қонунҳои мантиқӣ, пайдо шудани донишҳои хулосавӣ ва аҳамияти иҷро кардани талаботи қонунҳои мантиқӣ барои дониста гирифтани ҳақиқат, метавонем таърифи илми мантиқро баён намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё