Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Мантиқи шаклӣ илмест дар бораи шаклҳои тафаккур, қонунҳои алоқамандии фикрҳо дар хулосабарорӣ ва исботкунӣ. Мантиқ чунин илмест, ки вай шаклҳои фикрро аз ҷиҳати сохт, тарзи алоқамандии онҳо, қатъи назар аз тағйирот ва тараққиёти онҳо меомӯзад. Илми мантиқ, қонун ва қоидаҳоро меомӯзад, ки онҳо дар рафти хулосабарорӣ амал мекунанд. Мантиқ, ҳамчун илм чунин усулҳои мантиқиро муайян менамояд, ки онҳо нисбат ба шаклҳои гуногуни фикрӣ дорои мазмуни конкретӣ амал мекунанд.
Мантиқи шаклӣ яке аз қисмҳои таркибии философияи марксистӣ намебошад. Агарчӣ ин илм қисми таркибии философияи марксистӣ — материализми диалектикӣ набошад ҳам, нисбат ба дигар фанҳо бо назария ва методи философӣ алоқаи наздик дорад.
Назарияи материалистӣ ва методи диалектикии философияи марксистиро ба асос нагирифта, масъалаҳои мантиқро дуруст фаҳмидан ва шарҳ додан имконнопазир аст.
Маълум аст, ки мувофиқи назарияи философияи материалистӣ материя, табиат, олами моддӣ якумин буда, аз шуури берун ва ба вай новобаста вуҷуд дорад. Тафаккур ва шаклҳои гуногуни донишҳо бошанд, ҳамчун инъикоси предмет ва ҳодисаҳои олами моддӣ дар майнаи инсон вуҷуд дошта, дуюмин мебошанд.
Бинобар ин, назарияи материалистӣ-марксистӣ ягона назарияи философии илмиест, ки дар асоси вай масъалаҳои мантиқӣ дуруст фаҳмонида ва шарҳ дода мешаванд.
Методи философияи марксистӣ методи диалектикӣ мебошад. Мувофиқи ин метод тамоми ҳодисаҳои олам қонунан ҳаракат карда инкишоф меёбанд. Бинобар ин фақат ҳамин методи илмивии диалектикиро ба асос гирифта, пайдоиш ва тараққиёти тафаккур, шаклҳо ва қонунҳои мантиқро дуруст маънидод кардан ва эзоҳ додан лозим аст.
Мантиқ дар замони ҳозира илми шахшудамонда намебошад. Ин илм дар баробари комёбиҳои илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ тарақкӣ карда, инкишоф меёбад. Хусусан як қисми мантиқи умумӣ, ки вай ҳоло мантиқи математикӣ номида шудааст, дар зарфи тақрибан як аср бо суръат инкишоф меёбад.
Мантиқи математикӣ дар натиҷаи дар илми мантиқ татбиқ намудани методҳои шаклии математика ва ба ҷои забони муқаррарӣ кор фармудани забони аломатҳо ва формулаҳо ба вуҷуд омадааст. Дар мантиқи математикӣ тафаккур ва шаклҳои он — муҳокима, хулосабарорӣ ва исботкунӣ ба воситаи дар системаҳои шаклии мантиқӣ, формулаҳои ҳисобкунӣ ифода намудани он, омӯхта мешавад. Бинобар ин, мантиқи математикӣ аз ҷиҳати предмети омӯзиши худ мантиқ буда, аз ҷиҳати методи худ математика мебошад. Дар мантиқи математикӣ таълимот, идеяҳо ва методҳои мантиқи классикӣ хеле инкишоф дода шудаанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё