Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар ин мисолҳо шахсони гуногун дар бораи масъалаҳои гуногун сухан рондаанд. Дар мисоли якум сухан дар бораи аҳамияти маърифат ва мактаб меравад. Дар мисоли дуюм фикр дар бораи вуҷуд доштан ва ё вуҷуд надоштани эътиқод меравад, вале хатоҳои Левин ва Пигасов шанлан як хел мебошанд. Ҳар дуи онҳо ҳам мехоҳанд дар як вақт фикрҳои ба ҳам зид, ки айнан дар бораи як чиз гуфта шудааст, алоқаманд намоянд.

Левин аввал гуфт, ки маърифат ва босаводӣ кори бад аст. Вале баъд аз фаҳмонда додан мегӯяд, ки маърифату босаводӣ кори нек аст. Фикрҳои «ин кори нек» ва «ин кори бад» бо якдигар зид буда, ҳамдигарро истисно мекунанд.

Барои ҳамин ҳам Кознышев ин фикрҳои Левинро гӯш карда дар ҳайрат монд.

Дар мисоли дуюм Пигасов аввал гуфт, ки эътиқод вуҷуд надорад, вале дар айни замон ин фикри худро рад карда, изҳор намуд, ки ӯ эътиқод дорад. Муҳокимаҳои «эътиқод вуҷуд дорад» ва «эътиқод вуҷуд надорад» фикрҳои бо ҳам зид мебошанду якдигарро истисно мекунанд. Агар яке аз ин фикрҳо ҳақ бошад, дигараш дурӯғ аст. Одамоне ки дар вақти баҳсу мунозираи байни Рудин ва Пигасов ҳозир буданд, нодурустии фикри Пигасовро фаҳмиданд.

Аз ин мисолҳо фаҳмидан душвор нест, ки дар як мулоҳиза, фикр, муҳокима, гуфтаҳои бо ҳамдигар зидро ҳақ донистан мумкин нест. Агар шахсе ки ду фикри бо ҳам зидди дар бораи як чиз гуфташударо ҳақ шуморад, ӯ ҳақиқатро фаҳмида наметавонад. Ду фикри бо ҳам зидди дар бораи як чиз гуфташударо ҳақ ҳисоб кардан, талаби яке аз қонунҳои мантиқиро вайрон кардан аст. Ин қонун — қонуни зиддият мебошад. Ин қонунҳои мантиқиро дар қисмҳои ояндаи китоб муфассал дида мебароем. Дониши қонунҳои мантиқӣ барои баровардани хулосаи дуруст, барои муҳокимаҳо ва гуфтаҳои худро дуруст исбот кардан, аҳамияти калон дорад. Ин қонунҳои умумии алоқаи фикрӣ ҳам предмети омӯзиши илми мантиқ мебошанд.

§ 6. БА ҚОНУН ВА ҚОИДАҲОИ МАНТИҚӢ РИОЯ КАРДАН — ШАРТИ ЗАРУРИИ ДОНИСТАНИ ҲАҚИҚАТ МЕБОШАД

Ба қонун ва қоидаҳои мантиқӣ риоя кардан, талаби онҳоро ба ҷо оварда фикр кардан шарти зарурии дониста гирифтани ҳа-қиқат дар рафти хулосабарорӣ ва исботи мантиқӣ мебошад.

«Агар муқаддимаҳои мо ҳақ бошанд, — навишта буд Ф. Эн-гельс, — вагар мо нисбат ба онҳо қонунҳои тафаккурро дуруст татбиқ намоем, он гоҳ натиҷа бояд бо воқеият мувофиқ ояд...».

1 Ф. Энгельс, «Анти-Дюринг», Нашриёти давлатии адабиёти сиёсӣ, 1953, саҳ. 317.

пешина
аз 192
навбатӣ