Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
моро касе фаҳмида наметавонад ва гуфтаҳоямон маънӣ намедиҳанд. Мана як мисол аз романи нависандаи бузурги рус Л. Н. Толстой — «Анна Каренина». Дар байни ду қаҳрамони ин роман Сергей Иванович Кознышев ва Константин Левин дар бораи фоида ва аҳамияти маърифат барои халқ, баҳсу мунозира мерафт. Кознышев мегуфт, ки дар бораи фоидаи мактабу маърифат шубҳае надорад. «Пас деҳқони босавод, барои ту коркуни хеле зарур ва азизтар аст».
— Не, хоҳӣ аз ҳар кас, ки мехоҳӣ бипурс, — бо қатъият ҷавоб дод Константин Левин, — одами босавод, ба сифати коргар бад аст. Роҳҳоро ҳам таъмир кардан имкон надорад; пулро бошад, ҳамин ки сохтанд, ҳамон дам дуздида мебаранд.
Сергей Иванович зиддияти гуфторро хусусан дар мавқеи, ки муттасил аз як далел ба далели дигар гузашта ва бе ҳеҷ муносибат далелҳои нав оварда мешавад, дӯст намедошт, чунки дар ин маврид кас ба чӣ ҷавоб доданашро намедонад. Бинобар ин ӯ рӯяшро турш карда:
— Ба ҳар ҳол, гап дар ин ҷо нест, — гуфт ӯ.— Оё ту ҳайрияти маорифро барои халқ эътироф мекунӣ ё не?
— Эътироф мекунам, — гуфт Левин банохост ва ҳамон дам фикр кард, ки ин гапро беҷо гуфтааст. Ҳис мекард, ки агар инро эътироф мекарда бошад, дарҳол ба вай гапи пучу бемаъно гуфтаашро исбот хоҳанд кард. Ӯ намедонист, ки бародараш инро ба вай чӣ гуна исбот хоҳад кард, аммо ҳамин қадарашро медонист, ки ин бешубҳа ба таври мантиқӣ исбот карда мешавад ва ӯ мунтазири ин субот буд...
— Аммо ман ҳанӯз ин корро кори хуб гуфта эътироф намекунам, — сурх шуда гуфт Константин Левин.
— Чӣ навъ? Худат-ку ҳозир ҳаминро гуфтӣ...¹.
Акнун дигар мисолро дида мебароем.
Дар байни ду қаҳрамони романи нависандаи машҳури рус Тургенев «Рудин» дар бораи вуҷуд доштан ва ё вуҷуд надоштани эътиқод баҳсу мунозира мерафт. Яке аз ин қаҳрамонон Рудин мегуфт, ки эътиқод вуҷуд дорад, қаҳрамони дигар Пигасов мехост, ки вуҷуд надоштани эътиқодро исбот кунад.
Ин лаҳзаи роман чунин баён карда шудааст:
«— Бисёр хуб! — гуфт Рудин. — Пас ба қавли шумо, эътиқод гуфтани чиз нест?»
— Нест ва вуҷуд ҳам надорад.
— Ин эътиқоди шумост?
— Бале.
— Пас чӣ тавр шумо мегӯед, ки эътиқод гуфтани чиз нест?
Мана дар аввали кор ба шумо як эътиқод.
«Аҳли хона ҳама бо табассум ба якдигар нигаристанд».
_________________ ¹ Л. Н. Толстой. «Анна Каренина». Тарҷимаи Раҳим Ҳошим, Нашриёти Давлатии Тоҷикистон, соли 1960, саҳ. 342.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё