Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
кардашуда, санҷида шуда, дар ҳар як соҳаи илму амалиёт барои баровардани дониши нав ба кор бурда мешавад. Масалан, забоншиносон лаҳҷа, шеваҳои маҳаллиро омӯхта, дар бораи хусусияти нави бевосита мушоҳида карданашавандаи забони мазкур, хулоса мебароранд. Муаллим дар рафти таълим он чизҳое ки барои донишҷӯён маълум нест, ба воситаи дониш ва фикрҳое ки пеш нақл карда буд, исбот мекунад.
Мо дар вақти хулосабардорӣ, дониши нав пайдо карда истода, бевосита ба таҷриба, амалиёт муроҷиат намекунем, дар ин мавриди мо ба донишҳое, ки ҳақ будани онҳо бевосита дар таҷриба, амалиёт санҷида шудаанд, такя мекунем. Бо ҳамин роҳ, яъне ба донишҳои дар амалиёт санҷидашуда истинод карда, (такя карда) дониши нав пайдо менамоем. Масалан, ба мо ҳақ будани ду фикри зерин маълум аст: — Ҳамаи асарҳои шоири Б бо услуби С навишта шудаанд. «Ин асар бо услуби С навишта нашудааст». Аз ин муҳокимаҳо мо дониши нав — «Ин асар асари шоири Б намебошад»-ро бевосита ба таҷриба муроҷиат накарда, хулоса мебарорем. Дар ин ҷо ҳам, албатта, ҳақ будани фикрҳои пештара — муқаддимаҳо дар вақташ бо таҷриба исбот шудаанд.
Бинобар ин, донише ки бевосита ба таҷриба, амалиёт муроҷиат накарда, ба донишҳои пештараи бо таҷриба, амалиёт муайян гардида, санҷида шуда ва бо татбиқ намудани қонунҳои мантиқӣ ба миён меояд, дониши хулосавӣ ном дорад.
Яке аз вазифаҳои асосии илми мантиқ, омӯхтани қонун, қоидаҳои алоқаи фикрҳо дар рафти хулосабардорӣ мебошад. Аз ин рӯ хулосабардорӣ, шаклҳо ва навъҳои гуногуни он қисми муҳимтарини илми мантиқро ташкил медиҳад. Илми мантиқ ғайр аз хулосабардорӣ дигар шаклҳои мантиқӣ — мафҳум, муҳокима ва қонунҳои мантиқиро меомӯзад.
§ 5. ҚОНУНҲОИ МАНТИҚӢ
Ҳар як шакли мантиқӣ: мафҳум, муҳокима, хулосабардорӣ қоидаҳои ба худ хос дорад. Ин қоидаҳои махсуси мантиқӣ алоқамандии фикрҳоро дар ҳар як шакли мантиқӣ муайян менамоянд. Ба ин қоидаҳои махсуси шаклҳои мантиқӣ риоя кардан шарти асосии пайдо намудани хулосаи ҳақ мебошад.
Аммо ғайр аз қоидаҳои махсуси ҳар як шакли мантиқӣ чунин қоидаҳои алоқаи фикре ҳастанд, ки онҳо дар ҳамаи шаклҳои мантиқӣ амал мекунанд.
Ин гуна қоидаҳои умумии алоқаи фикрро қонунҳои мантиқӣ меноманд. Дар илми мантиқ чор қонуни умумии мантиқӣ маълум аст: 1) қонуни айният; 2) қонуни зиддият; 3) қонуни истиснои салоса ва 4) қонуни асоси басанда.
Дар процесси тафаккур, хулосабардорӣ ва исботкунӣ ба ин қонунҳои мантиқӣ риоя кардан шарти зарурии донистани ҳақиқат мебошад. Агар ба ин қонунҳо риоя карда нашаванд, фикри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё