Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Маҳз аз ин сабаб бояд ҳар як илм таълими худро асоснок кунад. Адабиётшинос барои ин ё он нависандаро нависандаи бузург гуфтан, фикри худро бо факту ҳуҷҷатҳои сершумор, таҳлил намудани асарҳои ҳамон нависанда нишон медиҳад, таърихшинос дар бораи маданияти бои ин ё он халқ сухан ронда, фикри худро ба воситаи воқеаҳо, факту ҳуҷҷатҳои бисёре асоснок мекунад.
Фикри асоснок чунин фикрест, ки ҳақ будани он аз муҳокимаҳо, далелҳои аз ин пеш исботгардида муайян карда шудааст. Чунин асосро, ки аз он ҳақ будани фикри асоснокшаванда ҳосил мешавад, асоси басанда меноманд. Ҳар як фикри ҳақ асоси муайян дорад.
Дар доираи донишҳои илмӣ назарияҳое ҳастанд, ки онҳо дар айни ҳол ҳамчун ҳақиқати комилан эътиборнок исбот нашудаанд ва онҳо ҳамчун донишҳои эҳтимолӣ ва тахминан ҳақ мавҷуданд. Ин гуна донишҳои эҳтимолӣ ҳам асоси муайян доранд ва онҳо на ҳамчун дониши эътиборнок, балки ҳамчун дониши эҳтимолӣ асосноканд. Бинобар ин, қонуни асоси басандаро умуман қонуни асос номидан мумкин аст, зеро асоси нокифоя ва ғайрибасанда асос намебошад. В. И. Ленин дар ин бора сухан ронда фикри фалсафаи Гегельро дастгирӣ намуда, қайд кардааст, ки асоси нокифоя, ғайрибасанда асос намебошад.
Асоси ҳақиқӣ чунин асосест, ки бояд аз вай то як дараҷа ҳақ будани фикри исботшаванда барояд.
Қонуни асоси басанда — қонуни умумии тафаккури дуруст мебошад. Бинобар ин, амали ин қонун нисбат дар ҳамаи шаклҳои фикр: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ва исботкунӣ зоҳир мегардад.
Қонуни асоси басанда алоқаҳои зарурии предметҳои олами моддиро инъикос менамояд.
Масалан, чунин дониш: «Дар ин ҷо борон борида истодааст», барои муҳокимаи «Дар ин ҷо замин тар шуда истодааст», асос мешавад. Дар воқеият боридани борон сабаб буда, тар шудани замин натиҷа мебошад. Ҳамин тавр баъзан қонуни асоси басанда, алоқаи сабабии предметҳоро инъикос менамояд.
Қонуни мазкур дар баъзе мавридҳо дигар хел алоқаҳои ҳодисаҳоро ҳам инъикос мекунад. Чунончи, кунҷҳои секунҷа ба ҳамдигар баробар бошанд, он гоҳ тарафҳои он секунҷа низ ба ҳамдигар баробаранд. Дар вақти тафаккур қисми якум ва баъзан қисми дуюми ин гуфтор ҳамчун асос кор фармуда мешавад.
Дар ин ҷо маълум мегардад, ки қонуни асоси басанда ғайр аз муносибати сабабии предметҳо дигар алоқаҳои ҳодисаҳои воқеиятро ҳам инъикос мекунад.
Мувофиқи талабе, ки аз мазмуни қонуни асоси басанда
мебарояд, барои ҳақ донистани ҳар як муҳокима ва фикр вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё