Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 4. ҚОНУНИ ИСТИШНОИ САЛОСА

Мувофиқи таълими қонуни истишнои салоса ду фикр, ду муҳокимаи баҳамзид дар бораи як предмет гуфташуда, дар як вақт ва дар як нисбат гирифта шаванд, якбора дурӯғ намешаванд. Яке аз ин муҳокимаҳо ҳақ бошад, дигараш дурӯғ ва, баръакс, яке аз онҳо дурӯғ бошад, дигараш ҳақ мешавад ва фикри сеюм истисно карда мешавад.

Яъне аз ду муҳокимаи баҳамзид — муҳокимаи мусбат ва манфӣ, муҳокимаи тасдиқӣ ва инкор, якеаш, албатта, ҳақ, дигараш дурӯғ мешавад.

Барои муҳокимаҳои баҳамзиде, ки нисбат ба онҳо қонуни истишнои салоса амал мекунад, мисолҳои зеринро меоварем:

  1. «Ин калима сифат аст» ва «Ин калима сифат нест».
  2. «Ҳамаи шоирони советӣ достон эҷод карданд» ва «Баъзе шоирони советӣ достон эҷод накарданд».
  3. «Ҳеҷ як коргар асари бадеӣ эҷод намекунад» ва «Баъзе коргарон асари бадеӣ эҷод мекунанд».
  4. «Агар калима мураккаб бошад, он гоҳ вай аз якчанд калимаҳои содда иборат мешавад» ва «Ин калима мураккаб аст, вале аз якчанд калимаҳои содда иборат нест».

Аз ин муҳокимаҳои баҳамзид, албатта, яктоаш ҳақ буда, дигараш дурӯғ мебошад.

Дар бораи қонуни истишнои салоса сухан ронда, мо бояд фарқи муҳокимаҳои баҳамзидро аз муҳокимаҳои баҳам муқобил нишон диҳем.

Муҳокимаҳои баҳамзид чунин муҳокимаҳое мебошанд, ки дар яке аз онҳо ягон чиз тасдиқ ва дар дигараш ҳамон чиз инкор карда мешавад. Яъне, муҳокимаҳои баҳамзид якеаш муҳокимаи мусбӣ бошад, дигараш муҳокимаи манфӣ аст. Масалан, дар муҳокимаи «Ин студент аълохон аст» ба ин студент тааллуқ доштани сифати аълохонӣ тасдиқ карда шудааст ва дар муҳокимаи «Ин студент аълохон нест» тааллуқ доштани сифати аълохонӣ нисбат ба ин студент инкор карда шудааст.

Муҳокимаҳои баҳам муқобил чунин муҳокимаҳое мебошанд, ки дар яке аз онҳо ягон чиз тасдиқ карда шавад, дар дигараш чизе дигар тасдиқ карда мешавад. Бинобар ин, муҳокимаҳои баҳам муқобил ҳар дуяшон ҳам муҳокимаҳои тасдиқӣ мебошанд. Масалан, «Кӯҳи Помир баланд мебошад» ва «Кӯҳи Помир паст мебошад»; «Ин мусиқӣ асари бастакор Чайковский мебошад» ва «Ин мусиқӣ асари бастакор Шостакович мебошад» муҳокимаҳои баҳам муқобиланд ва ғайра.

Қонуни истишнои салоса фақат нисбат ба муҳокимаҳои баҳамзид амал мекунад ва нисбат ба муҳокимаҳои баҳам муқобил амал намекунад. Аз муҳокимаҳои баҳамзид яктоаш ҳақ бошад, дигараш дурӯғ мешавад ва фикри сейӯм вуҷуд дошта наметавонад, бинобар ин фикри сейӯм истисно карда мешавад.

пешина
аз 192
навбатӣ