Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
болояш 400 грамм шири гови навдӯшида ва ҳамин миқдор об даромехта, ба дили наҳор бинӯшанд (агар ин миқдор обу ширро ба як дафъа нӯшида натавонанд, дар чанд дафъа биёшоманд), аз чизҳои турш, боднок ва гӯшт парҳез намоянд ва ин амалро то ҳафт рӯз пайдарҳам такрор кунанд, захмҳои гурда, ҳичак ва сӯрохи закарро дафъ мекунад, инчунин бодҳои ин узвҳоро таҳлил медиҳад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Чун ду ҳисса зоки сафед ва як ҳисса иқлимиеро бо сирко соида, дар зарфи сафолин, дар фасли тобистон чил рӯз дар зери саргини асп гӯр кунанд, бағоят тунд ва поккунанда мегардад. Агар инро бимоланд, гули чашмро, ки бисёр ғафс бошад ва ноҳунаки чашмро дафъ мекунад, гӯшти ҳароми захмҳоро мехӯрад — дар ин қисматҳо давои бемисл аст.
Зокро сӯхта, чун сурма ба чашм кашанд, гӯшаҳои чашмро аз хирм пок мекунад; агар инро бо асал сиришта кашанд, ғафсӣ ва дағалии пилки чашмро ислоҳ менамояд. Агар инро бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ месозад. Инро бо оби пиёзи гандано ё бо мумравған хамир сохта, ба тораки сар бардавом бимоланд, хӯраи даруни даҳанро, ки гӯштҳои ком ва ҷойҳои дигари даруни даҳанро мехӯрад, шифо мебахшад. Баъзе табибон инро бо шароб хамир сохта тайёр мекунанд ва молидани ин барӯй кӯтур давои аҷибест.
Зокро ос карда, бо оби кашниз сиришта бимоланд, сурхбод, салъа (жировик), кӯтур ва хоришро даво мешавад ва захмҳои тарро караҳш мебандонад.
Зоки сафедро кӯфта бипошанд, барои решҳои раддӣ, хунравӣ аз ҳамон узвҳо, варами буни дандон ва мушакҳои халқ даво мешавад.
Кӯфтани инро бо оби гандано даромехта, занҳо аз таг бардоранд, рафтани хунро аз бачадон манъ мекунад.
Зоки сафедро кӯфта, бо асал хамир сохта, фатиларо ба он олонда, дар гӯш гузоранд, захми даруни гӯшро шифо мебахшад ва даруни онро аз риму чирк пок мекунад ва агар дар носурҳо гузоранд, инчунин дар макъад, ки бавосир дошта бошад, бардоранд, фоида мебахшад.
Камтареро аз зоки сафед дар оби борон ё оби муқаттар ҳал карда, дар чашм чаконанд, чашмро пок ва пардаеро, ки чашмро торик мекунад, агар тунук бошад, дафъ мекунад, инчунин гули чашмро ҳам дур месозад.
- Зоки сурх
Ин қисмест аз зоки сафед, вале рангаш моил ба сурхӣ мебошад, ковокиҳои бисёр дорад.
Абӯалӣ ибни Сино дар «Алқонун»-и худ гуфтааст, ки табибони пеш аз мо гузашта ва табибони даврони мо таҷрибаҳо кардаанд, ки агар 3,5 грамм зоки сурхро, ки зоки балхӣ меноманд, бихӯранд, мӯи сафедро резонида, ба ҷояш мӯи сиёҳ мерӯёнад. Ин амалро фақат касони кавибадани тармизоҷ бардошт карда метавонанд, зеро ин хеле қавӣ мебошад.
- Зоки зард
Зоки зард беҳтарин навъест дар байни зокҳо ва беҳтарини зоки зард тиллоранги он аст, ки дурахшанда бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бинӯшоманд, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро мерезонад, варам ва сахтии сипурзро таҳлил медиҳад.
Ҳар як намуди зокро дар сирко ҳал карда, бо он ғарғара намоянд, зулуки дар халқ часпидаро дафъ мекунад.
Чун ду ҳисса аз зоки зард ва як ҳисса иқлимиё — ҳар дуро бо сирко соида, дар зарфи сафол мавсими тобистон чил рӯз дар офтоб гузоранд ё дар зимистон ҳамин муддат дар саргини асп гӯр кунанд, бағоят тунд ва поккунанда мегардад. Агар инро ба чашм кашанд, пардаи сафеди ғафси ба чашм афтода ва ноҳунаки илузвро дафъ менамояд ва агар ба захиҳо бимоланд, гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз зоки зард, ки бехатар бошад, то 0,5 грамм аст ва аз ин зиёдаш хатарнок аст.
Агар инро зиёд хӯрда бошанд, илоҷаш шири навдӯшида хӯрда қай кардан, равғани маска хӯрдан ва ширинӣ истеъмол кардан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор